Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
ДАР ТОҶИКИСТОН
Бо мақсади мукаммалгардонии хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ шуруъ аз 1 сентябри соли равон шумораи умумии воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Аз оғози соли нави таҳсил, аз ҷумла шумораи автобусҳо ба 380 адад, тролейбус ба 65 адад ва шумораи микроавтобусҳо ба 1100 адад расонида шуда, ҳамзамон 500 нақлиёти хурди таксӣ илова карда мешавад.
Вобаста ба ин Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тамоми шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиётро даъват менамояд, ки талаботи қоидаҳои ҳаракати роҳро қатъиян риоя намоянд.
Аз таваққуфи нодуруст, гирифтани мусофир дар қатори дуюму сеюми роҳ ва гузоштани нақлиёт дар маконҳои номуайян қатъиян худдорӣ намуда, ба танбашавии воситаҳои нақлиёт роҳ надиҳанд.
***
Дар Душанбе 30 автобуси нави истеҳсоли ватанӣ ба истифода дода мешавад. 13 август байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҶДММ «Акиа Авесто Автоматив Индастри» созишнома барои таҳвили 30 автобуси барқии навбатӣ ба имзо расид. Дар ин бора МДК «Душанбенаклиётхадамотрасон» хабар медиҳад.
Автобусҳои барқии истеҳсоли ватанӣ тибқи стандартҳои аврупоӣ сохта шудаанд ва бо системаҳои гармидиҳӣ ва кондитсионерӣ, шаш камераи назорати видеоӣ ва ду дисплей муҷаҳҳаз карда шудаанд. Ҳар як автобуси барқӣ 32 ҷойи нишаст дорад ва иқтидори умумии он то 100 мусофирро ташкил медиҳад. Иқтидори умумии батареяҳои аккумуляторӣ 350 кВт / соат аст, ки барои тай намудани то 300 километр рощ кифоя мекунад.
***
Дар таъмиру таҷдиди роҳи «Душанбе-Чанок» дар маҷмуъ тақрибан 347 ҳазор тонна асфалт истифода шудааст. Тибқи иттилои маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хариди техникаю механизмҳои замонавӣ омили тавсеабахши фаъолият буда, роҳбарияти «IRS» ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки таъмиру таҷдиди роҳи «Душанбе – Чанок» соли 2012 оғоз гардида, ҳамон сол 2000 тонна асфалт харҷ шуда буд. Минбаъд ин нишондиҳанда бамаротиб зиёд гардида, барои таъмиру таҷдид соли 2013 6000 тонна, 2014 – 10 000 тонна, 2015 -15 000 тонна, 2016 — 13 575 тонна, 2017 – 51 551 тонна, 2018-30 864 тонна, 2019 — 49 862 тонна, 2020 — 29 377 тонна, 2021 – 55 366 тонна, 2022 – 39 916 тонна, 2023 – 25 079 тонна ва соли 2024 18 408 тонна асфалт масраф гардид.
***
Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба муносибати 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон роҳҳо мумфарш карда мешаванд. Раиси ноҳия Шуҳрат Муҳаммадзода бо рафти асфалтпӯш кардани роҳҳо дар деҳаи Шивари ҷамоати деҳоти Ошоба шинос шуд.
Дар ин ҷо бо иштироки сокинони маҳаллӣ ва соҳибкорон қитъаи зиёда аз 4 км асфалтпӯш карда мешавад. Ин ба зиёда аз 280 хонавода дастрасӣ ба роҳҳои босифатро фароҳам меорад.
Рушди инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз қабили афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муайян карда шудааст. Муҳаммадзода ба соҳибкорон, шахсони масъул ва фаъолон барои саҳмгузорӣ дар рушди ноҳия изҳори сипос карда, онҳоро даъват намуд, ки дар ободонӣ ва татбиқи саривақтии нақшаҳои идона фаъолона иштирок намоянд.
***
Русия ва Беларус интиқоли сӯзишворӣ ба Тоҷикистонро ба таври назаррас афзоиш доданд. Дар моҳҳои январ-июли соли 2025 Русия ва Беларус содироти сӯзишвориро ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34% зиёд намуданд, хабар медиҳад The Moscow Times бо истинод ба Reuters.
Ба кишвар тақрибан 663,8 ҳазор тонна сӯзишворӣ ворид карда шуд, дар муқоиса бо соли гузашта қариб 170 ҳазор тонна зиёд аст.
Афзоиши бештар дар воридоти гази моеъи углевлеводородӣ (СГ) мушоҳида мешавад: ҳаҷми воридоти он зиёда аз 12 маротиба – аз 6,4 ҳазор то 85,4 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст. Инчунин интиқоли сӯзишвории дизелӣ то 308,8 ҳазор тонна (28%), керосини авиатсионӣ то 41,5 ҳазор тонна (32%) ва бензин то 228 ҳазор тонна (6%) афзудааст.
ДАР МИНТАҚА
Аз 1 январи соли 2026 дар Қазоқистон дар роҳҳои истифодаи умумӣ ва кӯчаҳои маҳалҳои аҳолинишин ҳаракат кардани самосвалҳо, ки вазнашон аз 12 тонна зиёд аст (ҳатто бе бор) манъ карда мешавад. Дар ин бора Almaty.tv. хабар медиҳад.
Ҳаракати мошинҳо бо кузови механикӣ, ки барои партофтани бор пешбинӣ шудааст, манъ карда мешавад. Ҳам ҳаракати мошинҳои пурбор ва ҳам боркунии молҳо ба чунин воситаҳои нақлиёт иҷозат дода нкмешавад. Барои вайрон кардани қоида таҳримҳои ҷиддӣ пешбинӣ шудаанд: аз ҷарима то бекор кардани шартномаҳои истифодаи зеризаминӣ ва бозхонди иҷозатномаҳо.
Қоидаи нав дар асоси қонун «Дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба масъалаҳои интиқоли мусофирон бо нақлиёти автомобилӣ», ки лоиҳаи онро Вазорати нақлиёти ҶҚ таҳия кардааст, ба роҳ монда мешавад.
Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёти ҶҚ, самосвалҳо тақрибан 35% - и шумораи умумии нақлиёти боркашро дар роҳҳои кишвар ташкил медиҳанд. Вазни аксари онҳо, ҳатто бидуни сарборӣ, аз 12 тонна зиёд аст, ки боиси харолбшавии роҳҳои автомобилгард мешавад.
***
Чин барои рушди авиатсия дар Осиёи Марказӣ тадбирҳо пешниҳод кард. 12-14 августи соли 2025 дар Остона конфронси дуюми Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи граждании кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин баргузор гардид.
Ҷониби чин пешниҳодҳои худро барои беҳтар сохтани парвозҳо дар минтақа манзур намуд, хабар медиҳад АИ «Авеста» бо истинод ба АБИ «Казинформ».
Муовини директори генералии департаменти муносибатҳои байналмилалии Маъмуияти авиатсияи граждании Чин Бай Венли зикр кард, ки авиатсия ҷиҳати таъсиси Маркази нақлиётии Авруосиё нақши муҳим мебозад. Дар як соли охир шумораи парвозҳои мустақим байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба соли 2024 қариб ду баробар, аз соли 2019 инҷониб се баробар афзудааст. Ҳоло Чин бо ҳамаи панҷ пойтахти минтақа бо парвозҳои мустақим пайваст аст.
Бай Венли панҷ пешниҳоди калидии Чинро барои ҳамкории минбаъда баён дошт:
1.Нигоҳ доштани шарикии ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва тавсеа бахшидани интиқоли бор ва мусофирон.
2.Содда гардонидани расмиёти гумрукӣ ва ҳамлу нақл барои роҳати мусофирон.
3.Навсозии фурудгоҳҳо ва кам кардани нархи сӯзишвории ҳавопаймо.
4.Пурзӯр намудани назорати бехатарии парвозҳо.
5.Васеъ намудани мубодилаи техникӣ ва омӯзиши кадрҳо.
***
Дар Тошканд дар баъзе кӯчаҳо мехоҳанд низоми суръатро то 80 км/соат баланд бардоранд. Дар пойтахти Узбекистон тасмим гирифтаанд дар панҷ кӯча низоми суръатро барои воситаҳои нақлиёт тағйир диҳанд. Дар ин бора «Газета.uz» бо истинод ба суханони муовини сардори РБДА РКД Тошканд Элмурод Алимов хабар додааст.
Пешниҳод ба кӯчаҳои «Бунёдкор», «Себзор», Аҳмади Дониш, инчунин роҳи ҳалқавии Тошканд ва кӯчаи «Узбекистони нав» дахл дорад. Дар ин кучаҳо суръати ҳадди имконпазири ҳаракати воситаҳои нақлиет 80 км/соат муқаррар карда мешавад.
Инчунин, ба нақша гирифта шудааст, ки ҳаракати яктарафа дар 12 кӯча ҷорӣ карда шавад.
Элмурод Алимов таъкид кард, ки мутахассисон таҷрибаи ватанӣ ва хориҷиро омӯхта, чунин хулоса баровардаанд. Дар натиҷа, ташаббуси мазкур барои пешгирии тамбашавӣ ва садамаҳои нақлиётӣ, таъмини бехатарии ҳаракат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштирокчиёни ҳаракат пешниҳод карда шуд.
***
Осиёи Марказӣ сармоягузориро ба ҷаъбаи нақлиётии Авруосиё афзоиш медиҳад. 1 июли соли 2025 ҳаҷми умумии сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ба рушди ҷаъбаи нақлиётии Авруосиё тақрибан ба 53 миллиард доллар расид, ки зиёда аз 22% бастаи умумии лоиҳаҳоро дар минтақаи мазкур ташкил медиҳад.
Дар Осиёи Марказӣ 90 лоиҳаи инфрасохторӣ амалӣ карда мешаванд, ки тақрибан аз се ду ҳиссаи онҳо бо сохтмон ва навсозии роҳҳои автомобилгарди магистралӣ алоқаманданд, гуфта мешавад дар гузориши «Обсерваторияи лоиҳаҳои нақлиетӣ» - и Бонки Авруосиёии рушд (БАОР).
Тибқи БАОР, афзалият додани лоиҳаҳо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки хароҷоти инфрасохтори нақлиётӣ қисми зиёди иқтисодиетро ташкил медиҳанд, аҳамияти махсус пайдо мекунад, аммо дар баробари ин ҳамчун омили асосии афзоиши тиҷорат, транзит ва ҳамлу нақли байналмилалӣ баррасӣ мешавад, хабар медиҳад Report.
ДАР ҶАҲОН
Ҳукумати Русия барои таъмири роҳҳо ва инфрасохтори онҳо дар 11 минтақа 16,6 миллиард рубл сарф мекунад. Дар ин бора РИА Новости рӯзи 13 август бо истинод ба хадамоти матбуоти Ҳукумати ФР кишвар хабар дод.
Субсидияҳо барои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои Адигея, Удмуртия, минтақаи Хабаровск, вилоятҳои Брянск ва Москва, инчунин мухторияти Ханти-Мансийк пешбинӣ шудаанд.
Маблағҳо барои ба ҳолати меъёрӣ овардани роҳҳо ва навсозии инфрасохтори роҳҳо ба вилоятҳои Белгород, Брянск, Киров, Курск, Смоленск ва Тверск низ фиристода мешаванд.
***
Ҷиноятҳои киберӣ ба занҷираҳои таъминот таҳдид мекунанд. Дар панҷ соли охир ҷиноятҳои нақлиётӣ дар ҷаҳон мураккабтар шуданд ва зарари молиявии бештар ба бор оварданд.
Коршиносони ширкати CEVA Logistics инчунин тағйири тактикаи ҷиноятҳоро аз дуздии якдафъаина ба амалиёти мураккаб, аз ҷумла тақаллуби ширкатҳо, истифодаи интиқолдиҳандагони қалбакӣ дар платформаҳои онлайн, қаллобии киберӣ ва созиши байни кормандон зикр мекунанд.
Тамоюли нав афзоиши дуздии борҳо тавассути киберҷинояткорӣ, истифодаи афзояндаи зеҳни сунъӣ аз ҷониби ҷинояткорон барои тақаллуби дигарон ва коркарди маълумот мебошад. Омезиши тактикаи рақамӣ ва ҷисмонӣ эҳтимолан афзоиш хоҳад ефт, ки аз мутахассисони логистика татбиқи системаҳои ҳамаҷонибаи амниятӣ ва мониторинги пешгирикунандаи таҳдидҳоро талаб мекунад.
***
Бозори нақлиёти автомобилӣ тадриҷан аз таназзули тӯлонӣ раҳо меёбад. Дар ин бора маълумотҳои биржаҳои боркашонӣ шаҳодат медиҳанд: шумораи дархостҳо меафзояд ва меъёрҳо боло мераванд.
Дар биржаи боркашонии ATI.SU дар семоҳаи дуюм шумораи дархостҳо нисбат ба семоҳаи аввал 41% афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад kommersant.ru.
Нархи миёнаи нақлиёт дар саросари кишвар дар аввали моҳи июл тайи се моҳ 5,7% боло рафт (аммо ин дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2024 то ҳол 3% камтар аст).
Дар алоқаи байналмилалӣ низ, тибқи маълумоти ATI.SU. тамоюлҳо ба таври назаррас тағйир ёфтанд. Дархостҳо барои ҳамлу нақли содиротӣ нисбат ба семоҳаи аввал 32% коҳиш ёфта, дар иртиботи воридотӣ талабот нисбат ба семоҳаи аввал 20% ва дар ифодаи солона 50% афзоиш ёфтааст.
***
Чин 1,5 миллион адад контейнерҳои нав захира кард. Истеҳсоли конӣтейнерҳо дар ин кишвар ба ҳаҷми рекордӣ расид, ки аз такрори норасоии соли 2021 пешгирӣ мекунад. Дар ин бора rzd-partner.ru хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти ширкати машваратии Linerlytica, дар соли 2025 истеҳсолкунандагони чинӣ аллакай зиёда аз 2,3 миллион контейнерҳои нав истеҳсол карданд, ки ин аз нишондиҳандаҳои соли 2024 зиёдтар аст.
Тавре дар гузориши Linerlytica зикр шудааст, дар охири моҳи май захираҳои контейнерҳои нав дар Чин ба 1,55 миллион TEU расиданд – ин ҳадди таърихӣ аст.
Ҳамин тариқ, нигарониҳо дар бораи норасоии эҳтимолии контейнерҳо беасос буданд: сарфи назар аз таъхир дар баргардонидани контейнерҳои холӣ аз Аврупо ва Амрикои Шимолӣ, ҳаҷми истеҳсолот ва захираҳои анбор ба интиқолдиҳандагон имкон медиҳанд, ки бидуни маҳдудият кор кунанд, гуфта мешавад хабари Linerlytica.