Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» як қатор кормандони соҳаи роҳу нақлиёт бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд. Ба се нафари онҳо мукофотҳоро дар вазъияти ботантана имрӯз дар Қасри миллат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориданд.
Тавре Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, 25 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд. Дар ин бора
Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба ифтихори 34-солагии ҷашни муқаддаси миллӣ — Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ самимона табрик намуданд.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати содиқонаи мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла олимону омӯзгорон, табибон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат, кормандони дипломатӣ, коргарону бинокорон ва кишоварзонро, ки барои рушди кишвари азизамон саҳми арзишманд гузоштаанд, махсус таъкид намуданд.
Барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ наздики 200 нафар аз дасти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтанд.
Дар маросим 23 нафар бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», 1 кас бо унвони фахрии «Нависандаи халқии Тоҷикистон», 2 нафар бо унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон», 5 кас бо унвони фахрии «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон», 3 нафар бо ордени «Дӯстӣ», 1 кас бо ордени «Шараф дараҷаи I», 11 нафар бо ордени «Шараф дараҷаи II», 107 кас бо медали «Хизмати шоиста» ва 7 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.
Аз ҷумла, се нафар намояндагони соҳаи роҳу нақлиёт:
АРАБЗОДА Нуралӣ Сайвалӣ, Директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо – бо ордени «Шараф, дараҷаи 2»,
ШАРИФЗОДА Зафар Кенҷа, Директори Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе-Чаноқ» – бо ордени «Шараф, дараҷаи 2»,
НОСИРЗОДА Музаффар, Сардори Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и вилояти Суғд – бо медали «Хизмати шоиста»
сарфароз гардонида шуданд.
Дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи онҳоеро, ки аз ҷониби роҳбари давлат бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки фарзандони содиқи Ватан минбаъд низ неруву тавоноии зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони кишвар равона месозанд.