Хабарҳо

slider_img
slider_img

Дастаҳои вазорат дар мусобиқа ғолиб шуданд

Санаи нашр: 27-12-2021 Просмотрено: 3096

        Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим рӯзи 27­-декабр дастаҳои бозингарони шоҳмот, шашка ва тенниси руимизии Вазорати нақлиётро, ки дар мусобиқаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷои 1-юм аз намуди  шоҳмот, ҷои 3- юм аз  шашка ва ҷои 3- юм аз тенниси руимизӣ гардиданд, табрик гуфта, диплом ва медалҳоро тақдим намуд. Корманди МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” Сулҳия Ақдодова барои иштирок дар мусобиқаи шоҳмот оид ба дарёфти Ҷоми Президент роҳхат ёфт.

        Мусобиқа моҳи сентябри соли равон байни Вазорату Кумитаҳо ва муассисаҳои давлатӣ ташкил шуда буд.

 Вазири нақлиёт бозингарони вазоратро бо ғолибият табрик гуфта, барояшон ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои дигар тавфиқ таманно дошт ва қайд кард, ки ҷавонони соҳа бояд дар ҳама кор дастболо бошанд.