Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 23-09-2025 Просмотрено: 3818

Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.

ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар Душанбе нақлиёти ҷамъиятӣ пурра ба пардохти ғайринақдӣ мегузарад. То нимаи моҳи сентябри соли ҷорӣ дар пойтахт ронандагони микроавтобусҳо низ бояд дар мошинҳои худ дастгоҳҳои пардохти ғайринақдӣ (pos-терминалҳо ё валидаторҳо) насб менамуданд.

Насби таҷҳизотро ширкати «Citycard» бо шарти имзои созишномаи қарзии шашмоҳа амалӣ мекунад.

Фирӯз Ғафурзода, роҳбари КВДК «Душанбенаклиётхадамотрасон» қаблан ба хабарнигорон гуфта буд, ки бо оғози соли хониш микроавтобусҳои шаҳрӣ бояд пурра ба низоми пардохти ғайринақдӣ гузаранд.

***

Дар шаҳри Бӯстон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар роҳҳо асфалтпӯш карда мешаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ин ташаббуси муҳим бо дастгирии Мақомоти иҷроияи щокимияти давлатии Бӯстон ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ карда мешавад.

Имрӯз дар шаҳр зиёда аз 17 километр роҳҳо таъмир ва асфалтпӯш карда шудаанд. Ин ба беҳтар шудани шароити зиндагии сокинон ва рушди минбаъдаи инфрасохтор мусоидат хоҳад кард.

Дар баробари сохтмони иншооти ҷашнӣ, ба масъалаи таъмир ва асфалтпӯш кардани роҳҳои шаҳр низ диққати ҷиддӣ дода мешавад.

***

Дар Душанбе натиҷаҳои саммити СҲШ-ро муаррифӣ карданд. Дар Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 11 сентябр брифинг барои рӯзноманигорон доир ба натиҷаҳои саммити СҲШ, ки 1 сентябр дар Тянтзин гузашт, ва Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чин баргузор гардид.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶМЧ дар ҶТ Го Жиҷун қзикр кард, ки мулоқоти гузаштаи сарони давлатҳо бузургтарин дар таърихи созмон гардид: роҳбарони зиёда аз 20 кишвар ва 10 созмони байналмилалӣ масъалаҳои амният, иқтисод ва идоракунии глобалиро муҳокима карданд.

Ба гуфтаи дипломати чинӣ, саммит ҳашт натиҷаи калидӣ ба даст овард, ки таҳияи Стратегияи рушди СҲШ барои 10 сол, таъсиси «чор маркази амниятӣ», аз ыумла Маркази мубориза бо маводи мухаддир дар Душанбе, ифтитоҳи Бонки рушди СҲШ ва ташаккули платформаҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, иқтисоди рақамӣ ва илм аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Роҳбарон ба мувофиқа расиданд, ки лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаи мошинҳои барқӣ, зеҳни сунъӣ, энергетикаи сабз ва алоқаи нақлиётӣ идома ва рушд бахшанд.

Илова бар ин, дипломат дар бораи оғози парвозҳои нави ҳавопаймо дар масири «Душанбе – Сиан» ва «Душанбе – Гуанчжоу» хабар дод

***

Дар Саразм асфалтпӯш кардани қитъаи ҳафткилометрии роҳ оғоз ёфт. Дар ин деҳаи бостонии шаҳри Панҷакент ба асфалтпӯш кардани қитъаи роҳи «Чиларча – Бостондех» бо дарозии 7,3 километр шуруъ карданд

Корҳо бо иштироки роҳбарияти шаҳр, собиқадорон ва фаъолони деҳаи Чиларча гузаронида мешаванд, хабар дод маркази матбуоти МИҲД шаҳри Панҷакент.

Гуфта мешавад, ки лоиҳа аз ҳисоби саҳми сокинони деҳаҳои Чиларча, Томирис, Кохдоман, Осиётеппа, Абдусамад, Балак ва Балаккамар бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад. Арзиши кор 3,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

***

Аз 16 сентябр бо хатсайри «Сиан – Душанбе – Сиан» парвозҳои мустақим оғоз ёфтанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Парвозҳои мустақим дар ин самт ҳафтае ду маротиба аз ҷониби Ширкати ҳавопаймоии «Zhejiang Loong Airlines» - и Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ба наздикӣ парвозҳои мустақим бо хатсайрҳои «Пекин — Душанбе — Пекин» ва «Қошғар — Хуҷанд — Қошғар» низ ба роҳ монда шуданд.

Бояд зикр кард, ки бо дастгирии доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи граждании мамлакат торафт рушд ёфта, ҷуғрофияи парвозҳо низ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ намудани сиёсати «осмони боз» васеъ мегардад.

ДАР МИНТАҚА

Шаҳр ва нақлиёт: Бишкек дар ҷустуҷӯи тавозун дар шароити тамбашавии мошинҳо. Дар пойтахти Қирғизистон афзоиши назарраси ҳаракати нақлиёт мушоҳида мешавад, ки бо оғози соли хониш ва ба охир расидани мавсими рухсатӣ алоқаманд аст. Дар ин бора 12 сентябр News.kg хабар дод.

Дар шаҳр зиёда аз 400 ҳазор мошин ба қайд гирифта шудааст, аммо шумораи воқеии онҳо аз 800 ҳазор зиёд аст, ки ин бори кӯчаҳоро ду маротиби бештар мекунад.

Мушкилоти тамбашавӣ бо бесарусомонӣ ҳангоми таваққуфи мошинҳо дар ду қатор ва инчунин тарҳбандии шаҳрӣ, ки муассисаҳои асосиро дар як мавзеъ ҷойгузин намудааст, ҷиддитар мешавад.

Шаҳрдории Бишкек Консепсияи рушди инфрасохтори роҳу нақлиётро барои солҳои 2024-2030 таҳия мекунад, ки сохтмони роҳҳо ва пулҳои нав, инчунин хариди зиёда аз 1500 адад нақлиёти ҷамъиятиро дар бар мегирад. Дар доираи консепсия насби чароғҳои «ҳушманд» дар 21 чорроҳа ва ҷорӣ кардани пардохти ғайринақдии роҳкиро ба нақша гирифта шудааст.

Тадбирҳои алтернативӣ, ба монанди лоиҳаи роҳи кабелӣ ҷиҳати беҳтар кардани вазъи нақлиёт дар шаҳр таҳия карда мешаванд. Корҳо оид ба таҷдиди шабакаи роҳҳо ва кӯчаҳои гармшаванда идома доранд, ки ҳаракатро муваққатан душвор мегардонанд, аммо дар оянда бояд тамбашавии воситаҳои нақлиётро коҳиш диҳанд.

***

Қатораҳои барқии баландсуръатро мехоҳанд аз шаҳри Тошканд ба ҳамаи ноҳияҳои вилояти Тошканд сафарбар созанд. Чунин супоришро Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиеев дар ҷаласа оид ба масъалаҳои рушди вилоят рӯзи 11 сентябр дода буд, хабар медиҳад Gazeta.uz.

Ин талаботро ба манзил, инфрасохтор ва хизматрасониҳои нав афзоиш медиҳад ва сокинон метавонанд ҳар рӯз ба пойтахт ба кор рафта биёянд, гуфтааст Сарвари давлати Узбекистон.

***

Қазоқистон дар Афғонистон роҳи оҳан ва кабели интернети кабелӣ бунёд хоҳад кард. Дар ду соли оянда ҶҚ ният дорад, ки хатти роҳи оҳани «Турғундӣ —Ҳирот» - ро дар Афғонистон бунёд кунад. Дар ин бора 9 сентябр муовини Вазири нақлиёти Қазоқистон Максат Калиакпаров дар ҷаласаи Ҳукумати кишвар иттилоъ дод, менависад АИ «Фарғона».

Ба гуфтаи ӯ, дарозии роҳ 120 километрро ташкил медиҳад.

Роҳи нав, тавре ки муовини вазир таъкид кард, имкон медиҳад, ки содирот ва интиқоли борҳо ба Афғонистон бо ворид шудан ба бозорҳои Покистон ва Ҳиндустон ба роҳ монда шавад.

Илова бар ин, дар Ҳирот Қазоқистон ният дорад, ки барои пешбурди лоиҳа як ширкати нақлиётӣ-логистикӣ кушояд.

Инчунин дар тӯли роҳи оҳан кабели нахи оптикӣ гузошта мешавад. Ин барои рушди инфрасохтори рақамӣ шароит фароҳам меорад, бехатарӣ ва сифати идоракунии ҳаракати қатораҳоро баланд мебардорад ва дар оянда маҳалҳои аҳолинишинро бо интернети баландсуръат таъмин месозад.

***

Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои пулакӣ дар Қазоқистон нав карда шуданд. Аз 15 сентябри соли 2025 дар Қазоқистон қоидаҳои пардохт дар роҳҳои пулакӣ тағйир ёфтанд, хабар медиҳад сомонаи расмии Вазорати нақлиёти кишвар.

Дар Қазоқистон дар маҷмуъ 27 қитъаи пулакӣ мавҷуд аст. Ҳоло ронандагон аз пардохти километрҳо бо нуқсонҳое, ки ба ҳаракати бехатар ва бароҳат халал мерасонанд, озод карда мешаванд. Агар, масалан, дар қитъаи 100-километрии роҳ дар 5 км мушкилот эътироф карда шавад, ронандагон бояд танҳо барои 95 км боқимонда маблағ пардохт кунанд.

Пардохт аз лаҳзаи ошкор шудани нуқсон ба таври худкор боздошта ва танҳо пас аз таъмир аз сар гирифта мешавад. Оператори миллӣ пайваста ҳолати ба воситаи ченкунӣ ва санҷишҳо месанҷад. Шумо метавонед дар бораи мушкилот бо рақами шабонарӯзии 1403 хабар диҳед. Муроҷиатҳо фавран ба кор гирифта мешаванд ва ҳисобкунӣ ё баргардонидани пардохт ба таври худкор анҷом дода мешавад.

Қоидаи нав ба ҳамаи роҳҳои пулакии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дахл доранд.

ДАР ҶАҲОН

Мақомоти Чин огоҳ мекунанд, ки дастакҳои ҳаракаткунандаи дари мошинҳоро манъ мекунанд. Ба гуфтаи Mingjing Pro, танзимгарони чинӣ ният доранд, ки дастакҳои дари пурра кашидашавандаро дар мошинҳо аз байн бибаранд.

Сабаби инро мушкилоти сершумори эътимоднокӣ ва бехатарӣ арзёбӣ мекунанд.

Тибқи лоиҳаи ҳуҷҷат, қоидаҳои нав аз моҳи июли соли 2027 эътибор пайдо мекунанд, давраи гузариши яксола пешбинӣ шудааст. Дар мошинҳо минбаъд танҳо дастгоҳҳои анъанавӣ ва нимкашидашаванда, аммо бо мавҷудияти ҳатмии гузинаи механикӣ иҷозат дода мешаванд.

Коршиносон тазаккур медиҳанд, ки таъсири аэродинамикии дастакҳои «пинҳонӣ» ҳадди аққал аст. Вале дар ин ҳолат, чунин датакҳо мошинро 7-8 кг вазнинтар карда, се маротиба гаронтар аз дастакҳои оддӣ мебошанд ва сатҳи нокомӣ ҳангоми боз кардан ва пӯшидани дарҳо 8 маротиба бештар аст.

***

Вазорати нақлиёти Русия изҳор дошт, ки аз моҳи сентябр онҳое, ки ба ҳавопаймо дер мемонанд, чиптаи нав харидан лозим нест. Аз 1 сентябри соли 2025 мусофирони ҳавопаймо дар Русия аз ҷаримаҳои ноодилона ҳимояи муҳим гирифтанд.

Агар мусофир ба фурудгоҳ расид, аммо барои парвоз дер монд, чиптаи нав харидан зарур нест. Фармоиши Вазорати нақлиёти кишвар ба ҳукми амал даромад, ки он муносибат ба бекор кардани чиптаҳои ҳавопайморо тағйир дода, қоидаҳои одилонаи ҷубронпулиро барои интиқолдиҳандагон муқаррар менамояд.

Пештар ширкатҳои ҳавопаймоӣ аксар вақт тамоми хатсайрро, аз ҷумла парвози бозгаштро бекор мекарданд, агар мусофир аз нишасти аввал дер мемонд. Ҳатто агар ӯ ба фурудгоҳ омада бошад ҳам, аммо аз сабаби таъхир дар гузаргоҳ, нақлиёт ё мушкилоти дохилии ширкати ҳавопаймоӣ дер мемонд. Ҳоло ин қоида бекор карда шуд.

***

Дар Украина қитъаи озмоишии роҳ бо технологияи Корея бе сангпора сохта шуд. Дар ин ҷо технологияи инноватсионии EcoSteelAscon бори аввал барои сохтмони роҳ истифода гардид.

Шарикони кореягӣ қисми озмоишии қитъаи роҳи дарозиаш 750 метрро дар роҳи О100607 «Залесье – Заворичи» дар вилояти Киев бунёд карданд. Дар ин бора Агентии давлатии барқарорсозӣ ва рушди инфрасохтори Украина хабар медиҳад.

Технологияи EcoSteelAscon зиёда аз 10 сол боз дар Корея истифода мешавад ва ҳатто дар минтақаҳое, ки қаблан роҳҳо пас аз боришот аз обхезӣ обсед медидданд, самаранок исбот шудааст. Фарқи асосии он аз асфалтпӯшии классикӣ истифодаи шлаки пӯлодпеч ба ҷои санг аст. Ин имкон медиҳад, ки арзиши сохтмон коҳиш дода, мустаҳкамии пӯшиши роҳ бардошта шавад ва партовҳои карбон тавассути истифодаи дубораи партовҳои истеҳсоли металлургия кам гарданд.

***

Сокинони Олмон гуфтанд, ки онҳо воқеан дар бораи мошинҳои барқӣ чӣ фикр доранд.Тадқиқоти ширкати Shell дар якҷоягӣ бо Пажӯҳишгоҳи афкори ҷамъиятии Олмон Forsa назари соҳибони мошинҳои барқиро дар бораи воситаҳои нақлиети худ мусбат нишон дод. Дар ин бора 11 сентябр хабар дод. Тarantas.News хабар дод.

Тибқи натиҷаҳои таҳқиқот, аксарияти пурсидашудагон (83%) омодагии худро барои харидани мошини барқӣ дар оянда изҳор доштанд.