Иштироки фаъолонаи Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон Комил Мизоалӣ ва Директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои автомобилгарди «Душанбе – Чанок» Зафар Шарифзода дар рушди соҳаи роҳу нақлиёт бо медали «Барои саҳмгузорӣ» қадр карда шуд. Мукофотро ба онҳо 22 сентябр Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим супорид.
Боиси фараҳмандист, ки тибқи Гузориши Пажӯҳиҳгоҳи афкори ҷамъиятии Амрико «Gallup» Тоҷикистон имсол дар миёни амнтарин кишварҳои ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол кардааст. Аз рӯи натиҷаҳои назарсанҷӣ дар 142 кишвар, 95% аҳолии Тоҷикистон ҳангоми сайругашти шабона худро комилан бехатар ҳис мекунанд. Ва яке аз нишондиҳандаҳои асосии амният, тибқи Шохиси ҷаҳонии сулҳ, суботи иқтисодӣ (гардиши савдо, ҳамлу нақли дохилӣ ва байналмилалии бор ва мусофирон, рақобатпазирии тиҷорат, таъсиси ҷойҳои корӣ), инчунин рушди инфрасохтори нақлиётӣ, яъне ҳолати роҳҳои автомобилӣ, пулҳо, нақбҳо, истгоҳҳо, фурудгоҳҳо, вокзалҳо, пойгоҳҳои локомотивӣ арзёбӣ мешаванд. Дар ин бора 22 сентябр дар ҷаласаи назоратии Вазири нақлиёти Тоҷикистон хабар дода шуд.
«Нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан дар рушди иқтисодиёти кишвар нақши муҳим мебозанд», - зикр кард Вазири нақлиёти ҶТ. - Нақлиёти автомобилӣ зиёда аз 90% ҳаҷми умумии боркашонӣ ва мусофиркашониро таъмин мекунад, беш аз 70% борҳои воридотӣ ва содиротии кишвар маҳз тавассути роҳи оҳан интиқол дода мешаванд».
Ба гуфтаи Вазир, татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт таҳти таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, айни замон тавассути Вазорати нақлиёт 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1 миллиарду 140 миллион доллари ИМА амалӣ карда мешаванд.
Тавре қаблан хабар дода будем, 25 июни соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ роҳи мошингардро аз маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ бо шоҳроҳи автомобилгарди «Душанбе-Кулма» иборат аз 16 километр ва ду хати ҳаракат ба истифода доданд. Ин роҳ аҳамияти бузурги иҷтимоию иқтисодӣ дорад ва барои баланд бардоштани ҳаҷм ва сифати ҳамлу нақли бор ва мусофирон замина мегузорад.
27 июн Сарвари давлат дар шаҳри Хоруғ пули автомобилӣ, ки ду соҳили дарёи Ғундро мепайвандад, ва дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шунан 3,7 км роҳ, 550 метр долони зидди тарма ва 82 метр пули автомобилиро ба истифода доданд. Хабар дода шуд, ки қитъаи роҳ дар деҳаи Барсем, ки тибқи талаботи замон сохта шудааст, аҳамияти байналмилалӣ дорад ва ҷузъи муҳими шоҳроҳи стратегии «Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Қулма» мебошад. Он тавассути гузаргоҳи сарҳадии «Қулма» Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мепайвандад.
Дар ҷаласаи назоратӣ Вазири нақлиёт иштироки фаъолонаи роҳбарони як қатор корхонаю муассисаҳоро дар рушди соҳаи роҳу нақлиёт махсус зикр кард. Вазир ба Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоалӣ Комил Ҷумахон ва Директори МД «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди "Душанбе - Чанок"» Шарифзода Зафар Кенҷа мукофоти соҳавӣ – медали «Барои саҳмгузорӣ» супорид.