Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Ба ниёзмандон туҳфаҳо доданд

Санаи нашр: 28-12-2021 Просмотрено: 3308

Дастгирии маъюбону ниёзмандон яке аз самтҳои иҷтимоии сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии моддиву маънавии ниёзмандон ҳамеша эътибори хос зоҳир карда мешавад. Вазорати нақлиёти ҶТ низ дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат доир ба дастгирии маъюбону ниёзмандон ва шахсони бепарастор тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ менамояд.

Рўзи 28-уми декабри соли равон ба муносибати Соли нави мелодӣ Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ва сардори ХДНТ Шералӣ Ганҷалзода туҳфаҳои солинавии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба 240 тарбиятгирандаи Мактаб - интернати нобиноёни шаҳри Ҳисор расониданд.

Вазири нақлиёт тарбиятгирандагонро ба муносибати Соли нав табрик гуфта, таъкид намуд, ки дастгирии маъюбон, ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва чун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо ин амали неку инсондӯстона сурат мегирад.

  Хонандагон ба ин муносибат ҷашни солинавии худро бо як шаҳомати хос манзур гардонида, бо қироати шеърҳо миннатдории худро ба сарвари давлат баён доштанд.