Барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар ва саривақт супоридани марҳилаи якум ва дуюми он, ҳамчунин саҳм гузоштан дар татбиқи Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Кўлоб – Қалъаихум, бо фармони вазири нақлиёт як қатор кормандони ин лоиҳаҳо бо нишони сарисинагии «Роҳсози фахрӣ», «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ба ҳамаи онҳое, ки дар сохтмони ин ду иншооти муҳим, ки саривақту босифат анҷом ёфтанд, фаъолияти хуб нишон доданд, изҳори сипос намуда, қайд кард, боиси ифтихор аст, ки дастурҳои Пешвои миллатро дар бобати ободониву созандагӣ саривакт амалӣ намоем. Вазир махсусан саҳми директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо Нуралӣ Арабзода ва директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои Душанбе – Чанак Зафар Шарифзодаро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуд.
Бояд қайд кард, ки Президенти кишвар соли 2020 дар Паёми ба Маҷлиси Олӣ ироадагардида супориш доданд, ки вазоратҳои нақлиёт, молия ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд амалӣ гардидани лоиҳаҳои сармоягузории соҳа ва истифодаи технологияҳои муосирро таъмин намоянд. Яъне маҳз сохтмони ҳамин лоиҳаҳоро Сарвари давлат дар Паёмашон супориш дода буданд, ки акнун мавриди истифода қарор гирифтанд.