Ҳафтаи гузашта дар Душанбе миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор ширкатҳои Ҷумҳурии Корея гуфтушунидҳо доир гардиданд.
Дар онҳо намояндагони Вазорати нақлиёти ҶТ, Бонки содиротю воридотии Корея («Eximbank»), "PwC Korea" – ширкати кореяи шабакаи ҷаҳонии Pricewaterhouse Coopers, консорсиумҳои «University of Seoul Industry Academic Cooperation Foundation», «Sejongggineering Co., Ltd» ва «Sejongggineering co., Ltd. Ltd» иштирок карданд.
Дар натиҷаи гуфтушунидҳо байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум дар бораи оғози татбиқи се лоиҳа дар соҳаи нақлиёти кишвари мо, аз ҷумла лоиҳаи асосноккунии техникию иқтисодӣ ва лоиҳаи муқаддимавии сохтмони маркази логистикӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии шаҳри Кӯлоб, лоиҳаи пешакии асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе, хатсайри 2 (аз бинои Сирки давлатӣ то «дарвозаи шарқӣ»-и пойтахт) ва лоиҳаи дастгирии машваратии Гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои сохтмони метро дар Душанбе ба имзо расонида шуд.
Бо мақсади оғози татбиқи лоиҳаҳо аз 11 то 12 ноябр дар Душанбе семинарҳо бо иштироки доираи васеи ҳайатҳои Тоҷикистону Корея баргузор гардиданд, ки дар онҳо муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе, намояндагони муассисаҳои дахлдори кишвар, Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон, намояндагони Бонки содироту воридоти Корея ва ширкатҳое, ки лоиҳаҳои дар боло зикргардидаро амалӣ менамоянд, баргузор гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаҳои зикршуда, ки тибқи Барномаи ҳамкории иқтисодии Бонки содироту воридоти Корея татбиқ мегарданд, бояд аз моҳи ноябри соли 2025 то моҳи июли соли 2026 амалӣ карда шаванд.