Новости

Blog

Таманниёти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба ифтихори Соли нави мелодии 2022

Дата: 30-12-2021 Просмотрено: 3478

Ҳамкасбони азиз, кормандони шарафманди маҷмааи нақлиёт!

Боз як соли пур аз рўйдодҳои муҳим ва заҳмату талошҳоро паси сар кардем. Барои мардуми заҳматқарини кишварамон ин соли таърихӣ ва фаромўшнашаванда – сисолагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон мебошад.

Бо ифтихору сарбаландӣ метавонем гуфт, ки замони соҳибистиқлолӣ бо саъю кўшишҳои Сарвари хирадманди давлат ва заҳмату талошҳои созандаи мардуми Тоҷикистон ба хотири ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, замони рушду ободии Ватан ба ҳисоб меравад.

Соли сипаригашта, яъне дар ҷашни сисолагии соҳибистиқлолии кишвар дар қатори дигар соҳаҳо заҳматкашони маҷмааи нақлиёту роҳ низ ба дастовардҳои зиёд ноил гардиданд, ки боиси сарфарозии ҳар яки мост.

Нисбат ба соли гузашта зиёд гардидани ҳаҷми боркашониву мусофирбарӣ, содироти маҳсулоти ватанӣ тавасути роҳи оҳан, таҷдиду сохтмони роҳҳои автомобилгард аз ҷумлаи ин дастовардҳоянд. Ҳамчунин бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Обигарм–Нуробод, Ҳулбук–Темурмалик–Кангурт, Данғара–Левакант–Бохтар, қитъаҳои Қалъаихум–Ванҷи шоҳроҳи Душанбе–Кулма, Қизилқалъа–Бохтари шоҳроҳи Душанбе–Бохтар, Бекобод–Бобоҷон Ғафуров–Конибодом, сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор ва дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ, таҷдиди роҳи мошингард ва бунёди долонҳои зидди тарма дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон шурўъ шуданд.

Соли сипаригардида ҷиҳати амалӣ намудани Консепсияи иқтисоди рақамӣ, Консепсияи ҳукумати электронӣ Вазорати нақлиёт ба рақамикунонии соҳа гузашта, корҳои муҳим ба анҷом расонда шуда, модулҳои рақамикунонии соҳа таҳия гардиданд.

Дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ Сарвари давлат нақлиётчиёну роҳсозони кишварро вазифадор карданд, ки дар давоми солҳои 2022–2026 зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма бунёд карда шаванд, ки қисми зиёди онҳо дорои сатҳи байналмилалӣ мебошанд. Барои расидан ба ин ҳадаф бояд дастаҷамъона ва бо истифода аз тамоми имконот талош варзем.

Пешвои миллат ҷиҳати рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла, раванди саноатикунонии босуръати кишвар, пешниҳод карданд, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд. Дар доираи татбиқи ин нуктаи Паём мо пешниҳод мекунем, ки соли нави мелодӣ, яъне соли 2022 –ро дар соҳа «Соли беҳтарин роҳҳои маҳаллӣ» эълон карда, ба таҷдиду сохтмони роҳҳои маҳаллӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа диҳем.

Рўйхати дастовардҳои маҷмааи нақлиётро метавон боз идома дод, вале мо, умед дорем, ки минбаъд низ ба хотири рушду тавсеаи соҳаҳои марбути вазорат ва созандагиву ободкорӣ дар Ватанамон, бо роҳбарии Сарвари хирадманди кишварамон, аз дилу ҷон фаъолият намуда, уҳдадориву вазифаҳои ояндаро низ бошарафона иҷро хоҳем намуд.

Соли нави мелодиро барои ҳар кадоми Шумо ва аҳли хонаводаву пайвандонатон табрик гуфта, бароятон саодати зиндагиву хушбахтиҳо ва комёбиҳои тоза таманно мекунам.

Таманно дорам, ки тамоми камиву мушкилоти рўзгор бо соли куҳна бадар гардида, Соли нави мелодӣ ба хонадони ҳар яки Шумо шодиву фараҳ, осудагии аҳли хонадон ва пирўзиҳоро бо худ дастовез орад.

 

Соли нави мелодӣ муборак, нақлиётчиёну роҳсозони азиз!