Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим кормандони соҳар бо фарорасии Соли нави мелодии 2026 шодбош гуфт.
Матни табрикоти Вазир дар зер пешниҳод мешавад.
Ҳамкорони азиз, кормандони шарафманди соҳаи роҳу нақлиёт!
Мо дар арафаи фарорасии Соли нави мелодии 2026 қарор дорем. Ба ин муносибат ҳамаи Шумо ва дар симои шумо аҳли хонаводаатон ва тамоми мардуми кишвари азизамон Тоҷикистонро самимона табрик мегуям!
Бо итминон метавон гуфт, ки соле, ки сипарӣ мешавад, барои давлати соҳибистиқлол ва мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла барои кормандони соҳаи роҳу нақлиёт бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Тибқи супориш ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин сол ба маблағи умумии зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёти мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёдгардида ба истифода дода шуданд.
Роҳҳои «Обигарм – Нуробод» ва Роғун ба дарозии умумии 87 километр, 109 километр роҳи «Қалъаихумб – Ванҷ», 40 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд, 30 пули хурду бузург, 5 нақб ва 6 долони зидди тарма ба дарозии 13 километр аз ҷумлаи иншооти зикршуда мебошанд.
Соли 2025 сохтмони пули калонтарин дар кишвар аз болои обанбори неругоҳи барқи обии «Роғун» ба дарозии 920 метр ва 3 пули мошингузар ба дарозии 368 метр оғоз гардид, ки маблағи умумии онҳо 900 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Тавре ҳамагон огоҳ ҳастем, ин роҳу пулҳо ва дигар иншооти нақлиётиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафарҳои кории худ ба ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дар соли 2025 мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки боиси ифтихору сарбаландии ҳамаи мост. Аз ҷумла, моҳи ноябр аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд се қитъаи роҳи автомобилгарди «Деҳмой – Конибодом», яъне «Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров», «Бобоҷон Ғафуров -Хистеварз» ва «Кучкак - Конибодом» ба истифода дода шуданд.
Ҳоло бунёди 50 километр роҳи «Данғара – Гулистон», 33 километр роҳи «Гулистон – Фархор» ва боз 12 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ идома дорад.
Ҳамкорони иззатманд,
Ба имзо расидани Нақшаи тадбирҳои амалӣ ё «Харитаи роҳ» оид ба тақвият бахшидани ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи нақлиёт дар солҳои 2025-2030-ро дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Федератсия Русия ба Тоҷикистон дар моҳи октябри соли равон дар ҳузури сарони ду давлат муҳим арзёбӣ мекунем. Тибқи ин санад ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми ҳамлу нақл тавассути нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан миёни ду кишвар шароити мусоид фароҳам оварда мешавад, ҳамлу нақли тарафайн, аз ҷумла интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон бидуни рухсатнома сурат мегирад, ҷониби Русия дар навсозии парки роҳи оҳани Тоҷикистон мусоидат мекунад, интиқоли таҷрибавии боркашонии мултимодалӣ дар самти Русия, баҳри Каспий Туркманистон, Узбекистон, Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Минск, дар ҷалсаи сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Стратегияи рақамикунонии долонҳои нақлиётии мултимодалии давлатҳои иштирокчии ИДМ ба имзо расонида шуд. Мавриди зикр аст, ки санади мазкур бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором (ЭСКАТО) дар доираи Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 аз ҷониби Вазорати нақлиёти Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардида, ба баланд бардоштани самаранокии логистика, кам кардани хароҷот ва рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодии байни давлатҳои Иттиҳод равона шудааст.
Дӯстони арҷманд,
Дар соли нави 2026 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар назди мову шумо вазифаҳои наву муҳими умумидавлатӣ ва умумимиллӣ гузошта шудаанд.
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмоназ 16 декабри соли 2025 омадааст:
«Барои беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ҳоло татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ ,аз ҷумла, бунёди 50 километр роҳи «Данғара – Гулистон», 33 километр роҳи «Гулистон – Фархор» ва боз 12 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ идома дорад.
Соли 2026 сохтмону азнавсозии 300 километр роҳҳои мошингарди байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 3 миллиард сомонӣ оғоз мегардад. Роҳҳои «Ваҳдат – Обигарм» 70 километр, «Гулистон – Кӯлоб» 33 километр, «Хоруғ – Роштқалъа» 39 километр, «Мурғоб – Кулма» 67 километр, «Балҷувон – Сари Хосор» 55 километр, «Хистеварз – Конибодом (Арка)» 10 километр, 11 километр роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб ва 5 пули мошингард дар роҳи «Лаби Ҷар – Сангвор» аз ҷумлаи онҳо мебошанд».
Дар иртибот ба ин Сарвари давлат Вазорати нақлиётро вазифадор карданд, ки фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати идомаи бунёд ва таҷдиди роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва назорати сифати иҷрои корҳои лоиҳавӣ вусъат бахшад ва ҷиҳати ташкили марказҳои нақлиётиву логистикӣ, азнавсозии парки нақлиёти роҳи оҳан ва инфрасохтори он чораҷӯйӣ намояд.
Дар соли нав мо бояд ҷамъоварии дороиҳои роҳҳои автомобилгардро дар саросари кишвар пурра ба анҷом расонем ва дар асоси маълумоти бадастомада ба шиносномадиҳии роҳҳо шуруъ намоем. Чуноне шумо огоҳед, ин маърака, ки моҳи сентячбри соли 2023 шуруъ шуд, бори аввал дар таърихи Тоҷикистон ва тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи роҳҳои автомобилгард» ба роҳ монда шудааст. Дар маҷмӯъ, дарозии умумии шабакаи роҳҳои Тоҷикистон тақрибан 27243 километрро ташкил медиҳад, ки аз он 14314 км роҳҳои истифодаи умумӣ, аз ҷумла 3 384 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, 2 182 км роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 8 748 км роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мебошанд.
Дар соли нави дарпешистода бояд татбиқи самараноки Барномаи давлатии рушди системаи логистикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 ва Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028, инчунин раванди рақамикунонии соҳаи нақлиёт, танзим ва назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо таъмин карда, лоиҳаи барономаи нави мақсадноки рушди маҷмааи нақлиётии кишвар барои давраи минбаъда таҳия ва пешниҳод гардад ва Фонди роҳ, ки бо мақсади маблағгузории лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард таъсис ёфтааст, ташаккул дода шавад.
Умедворам, ки мову Шумо дар соли 2026 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурип Тоҷикистон бобати ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардондани сатҳу сифати роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми кишвар, таъсиси марказҳои логистикӣ, рақамикунонии соҳаи нақлиёт ва ғайра беш аз пеш талош ба харҷ медиҳем ва шарафмандона меҳнат мекунем.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шуморо бо фарорасии Соли нави 2026 табрику таҳният гуфта, орзу дорам, ки соли нав барои ҳар кадоматон соли хушбахтию хушрӯзиҳо, соли тинҷиву амонӣ, файзу баракат ва дастовардҳои наву тоза гардад.
Соли наватон муборак!