Дар Вазорати нақлиёт рўзи 5 январи соли равон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи нақлиёт дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 таҳти раёсати вазири нақлиёт Азим Иброҳим ҷаласаи Ҳайати Мушовара доир гардид, ки дар он сардори Раёсати инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президент Исоҷон Қурбонзода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарону кормандони корхонаву муассисаҳои соҳаи нақлиёту роҳ иштирок доштанд.
Нахуст, вазири нақлиёт Азим Иброҳим аз рўи масъалаи муҳокимашаванда маърўза кард, ки дар он аз ҷумла дар бораи ҳамлу нақли бору мусофирон тавассути ҳамаи намуди нақлиёт, фаъолияти нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, нигоҳдории роҳҳо, зимиситонгузаронӣ, суратҳисоби махсус, ҳамкории МДНРА – ҳо бо Мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, корҳои лоиҳакашӣ, назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, робитаҳои байналмилалӣ, рақамикунонии соҳа, барномаи Низоми идоракунии роҳҳои автомбилгард муфассал маълумот дод ва сабаби камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаро аз мутасаддиён пурсон шуд. Ҳамчунин баҳри баратарф сохтани мушкилот ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Сипас, Исоҷон Қурбонзода аз фаъолияти маҷмааи роҳу нақлиёт изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки баҳри рушди минбаъдаи соҳа бояд аз тамоми имконот истифода кунанд. Қурбонзода аз мутасаддиёни соҳа даъват ба амал овард, ки оид ба сифатнок анҷом додани лоиҳаҳо, саривақт омода ва пешкаш намудани ҷавоб ба мактубу супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар масълаҳои марбута чораҷуӣ кунанд.
Дар фарҷоми ҷаласаи Ҳайати Мушовара ба ғолибони озмунҳои “МДНРА –и беҳтарин” ва “Беҳтарин ҳамкорӣ бо МИҲД” Диплом, туҳфа ва Споснома тақдим гардиданд.
Маъумоти муфассал аз рафти ҷаласаи Ҳайати Мушовара дар ҳафтаномаи “Нақлиёт” чоп мешавад.