Новости

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ТАБРИКОТИ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида Ҷашни Сада

Дата: 30-01-2026 Просмотрено: 5255

Имрӯз дар саросари Тоҷикистон ҷашни Сада таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим кормандони соҳаи роҳу нақлиётро бо ин ҷашни миллӣ шодбош гуфт.

Матни табрикоти Вазир дар зер пешниҳод мегардад.

Дӯстони азиз, ҳамкорони иззатманд,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол пеш, ҳангоми нахустин бор ҷашн гирифтани Меҳргон ишора карданд, ки: « … барои халқи тоҷик ҷашни Сада мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадима дорад ва бояд аз нав эҳё гардад».

Баъд аз он, бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми январи соли 2018 таҳти №1480 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”» қабул гардид. Тибқи ин қонун ҷашни Сада ба қатори ҷашнҳои расмӣ ва миллию давлатии мо ворид карда шуд.

Инак соли нуҳум аст, ки давлат ва мардуми Тоҷикистон рӯзи 30 январ ин ҷашни бостонии ниёгони худро бо арҷгузорӣ ва шукуҳу шаҳомат таҷлил мекунанд.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамаи шумо, кормандони соҳаи роҳу нақлиёт ва дар симои шумо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азизро бо ин ҷашни миллиамон самимона табрик мегӯям!

Ҳамкоронип гиромӣ,

Сада ҷоқеан ҳам яке аз ҷашнҳои бостонии мавсимии халқҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Яъне Сада пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, ҳамчун гиромидошти оташу гармӣ, нуру рӯшноӣ ва меҳру вафо истиқбол гирифта мешуд.

Сада ном гирифтани ин ҷашн беҳуда нест, зеро он аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд ва он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро дар бар мегирифт.

Аз рӯйи пиндори олимон ва шаҳодати китоби «Авасто», тақрибан ёздаҳ ҳазор сол пеш дар қисмати шимолии Осиё, яъне ватани бумии қабилаҳои сершумори ориёӣ, давраи яхбандиҳои тӯлонӣ ва сардиҳои даҳшатнок омада, зиндагии осудаҳолонаи онҳоро сахту душвор намудааст

Гуруҳи калони қабилаҳои ориёӣ ночор кӯч баста, аз шимоли Осиё ҷониби минтақаҳои гарми ҷануб ва сарзамини кунунии Осиёи Миёна меоянд, ки гузаштагони дури мо – тоҷикон аз ҳамон тоифаи ориёиҳои дар миёни дарёҳои Ому ва Сир сокингашта пайдо шудаанд.

Дар «Авесто» аз маҳали сукунати минбаъдаи қабилаҳои ориёӣ, аз ҷумла бохтариҳо, хоразмиҳо, суғдиён, сакоиҳо маълумотҳои нодире маҳфузанд, ки бо номи қаламрави зисташон, амсоли «Гава, макони суғдиён», «Моуруи (Марви) тавоною ростипараст», «Баҳдии (Бохтари) зебо», «Ҳарайва (Ҳирот)», «кишвари Гургониён ва Роғ» (шимоли шарқии Мод) ва ғайра зикр шудаанд. Мавриди зикр аст, ки дар бораи ҳар кадоме аз ин сарзамину давлатҳои ориёӣ, аз ҷумла дар бораи кишвари Мод, дар китоби бисёр пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» маълумоти муфассал оварда шудааст.

Дар ин замина чунин низ нукта қобили зикри махсус аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо кушишу эҳтимоми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳуввияти миллӣ ва эҳёи таърихи куҳан, муроҷиат ба осори пешин ва зинда намудани чеҳраҳои таърихиву фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик ба ҷойи аввал баромад. Дар ин роҳ китобҳои таълифнамудаи Сарвари давлат – асари бисёрҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забон – ҳастии миллат» ва ғайра нақши муҳим бозида, Пешвои миллат дар онҳо ва дигар китобу мақолаҳои таърихӣ ва ватандӯстонаашон исбот намуданд, ки халқи тоҷик таърихи ниҳоят куҳан дорад ва фарзандони бузурге дар ин сарзамин умр ба сар бурдаанд, ки ному осорашон аз оинаи таърих ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳанд шуд ва барои башарият хидмат хоҳанд намуд.

Як худи «Шоҳнома»-ро мисол метавон овард, ки он бо ибтикори беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори китоби «Қуръон» ва асари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», бо теъдоди 1 миллиону 700 щазор нусха ва бо сифати олӣ нашр ва ба ҳар хонадони Тоҷикистон тақдим карда шуд. «Шоҳнома» аз 60 ҳазор байт иборат буда, бино ба ақидаи донишварон бузургтарин достон дар адабиёти ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Худи Абулқосим Фирдавсӣ дар бораи ин асари безавол чунин фармудааст:

Биноҳои обод гарданд хароб,

Зи борону аз тобиши офтоб.

Пайафкандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд.

Устод Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат додааст. Мувофиқи нигориши шоир, Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Абурайҳони Берунӣ дар «Китоб - ут-тафҳим» ҷашни Садаро рамзи пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок шумурда, фарорасии адолату осоишро дар мамлакат ба оташафрӯзии ойини Сада нисбат медиҳад.

Ҷашни Сада дар масири таърих ҷойгоҳи хоса дошта, ҳангоми давлатдории Ашкониён, Сосониён ва Сомониён бо тантанаву шукӯҳи тамом истиқбол мегардид. Беҳуда нест, ки дар бузургдошти Сада шоири тавонои тоҷик Фаррухии Яздӣ ҳанӯз дар асри XI чунин навишта будааст:

 

Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,

Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тироз.

 

Ҳамкорони арҷманд,

Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимӣ ва таърихию бостонии мардуми ориёитабор, аз ҷумла мо, тоҷикон буда, он ҳамчун бузургдошти гармию равшании рӯз ва гармию равшании дилҳо, ҳамчун муждаи назикшавии Наврӯзи оламафрӯз, ҳамчун рамзи омодагӣ ба киштукори баҳорӣ истиқбол ва таҷлил мегардад.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб ман ҳамаи шумо ва дар симои шумо аҳли хонадони шумо ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро табрику таҳният мегуям ва суханро бо мисраҳои зерини Шоири халқии Тоҷикистон устод Гулназар ба поён мебарам:

Сада сад раҳ кушояд сӯйи Наврӯз,

Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.

Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,

Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз!