Хабарҳо

Blog

Як Такси мошинҳои барқӣ ба роҳ мемонад

Санаи нашр: 10-01-2022 Просмотрено: 3516

      Ширкати ЯК такси нахустин бор дар Тоҷикистон лоиҳаи "ЭКО Шаҳр" - мошинҳои барқӣ барои ҳамлу нақли сокинон ва меҳмонони пойтахтро муаррифӣ кард.

     Мошинҳои барқии ширкати ЯК Такси мошинҳои экологӣ буда, ҳангоми кор зарар намерасонанд ва бо пешниҳоди раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ дар муқоиса бо мошинҳои маъмулии зард аломати сабз гузошта мешавад.

      Як Такси дар тақвияти суханони президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 21 декабр дар Паём ба Порлумон ваъда дод ки, дар соли 2022 мошинҳои барқии аз ҷиҳати экологӣ муфидро мавриди истифодабарӣ қарор медиҳад.