Байни дастаҳои Дастгоҳи марказӣ ва зерсохтори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз руи варзиши “Футболи хурд” дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2021 оғоз ёфта, санаи 10 январи соли 2022 ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян гардиданд.
Сазовори ҷойи аввал Муассисаи давлатии "Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард"-и минтақаи Ҳисор, сазовори ҷойи дуюм КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва сазовори ҷойи сеюм КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” гардиданд.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 январ ғолибонро бо диплом, медал ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонид.