Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ТОҶИКИСТОН ВА БОНКИ ОСИЁИИ РУШД БА МАРҲИЛАИ НАВИ ҲАМКОРӢ МЕГУЗАРАНД. Президенти ҶТ ва Сарвари БОР аз қабули стратегияи нави шарикӣ барои солҳои 2026-2030 изҳори қаноатмандӣ намуданд

Санаи нашр: 05-03-2026 Просмотрено: 3297

4 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии рушд Масато Кандуро қабул карданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад.

ДАР МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Сарвари давлат Масато Кандаро ба муносибати интихоб шуданаш ба мансаби Президенти Бонк табрик гуфта, ташрифи нахустини мавсуфро ба Тоҷикистон нишонаи таваҷҷуҳи махсуси ин ниҳоди молиявӣ ба таҳкими ҳамкории дарозмуддати ҷонибҳо арзёбӣ намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат ба сатҳи кунунии ҳамкорӣ ва саҳми Бонк дар татбиқи ҳадафҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд. Таъкид гардид, ки Бонки Осиёии Рушд яке аз шарикони асосии кишвари мо ба шумор рафта, давоми солҳои ҳамкорӣ барои татбиқи зиёда аз 200 лоиҳа ба маблағи умумии 2,9 миллиард доллар саҳм гузоштааст.

Ба раванди татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Сарвари давлат барои дастгирии буҷети давлатӣ ва пешбурди ташаббусҳо дар самти ташаккули иқтисоди «сабз» ба Бонк изҳори сипос карданд.

Ҳамчунин, дурнамои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, муқовимат ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин замина ҷалби маблағгузории иловагӣ ва идомаи ислоҳоти сохторӣ барои рушди сармояи инсонӣ ва таъмини амнияти экологии минтақа зарур дониста шуд.

Ҷонибҳо аз қабули Стратегияи нави шарикии Бонк ва Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 изҳори қаноатмандӣ намуданд.  

СТРАТЕГИЯИ НАВИ ШАРИКӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

Бояд зикр кард, ки дар доираи сафари худ Масато Канда ҳамроҳ бо намояндагони Ҳукумати кишвар ба татбиқи Стратегияи нави шарикии  БОР ва ҶТ оғоз ниҳод.

Самтҳои асосии стратегия, аз ҷумла рушди энергетика, нақлиёт, рақамисозӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, инчунин таҳкими бахшҳои иҷтимоӣ ва хусусӣ ба ҳадафҳои миллии Тоҷикистон комилан мувофиқанд.

«Натиҷаи асосии гуфтушунидҳо эълони тасмими  БОР дар бораи  ҷудо кардани тақрибан 1,1 миллиард доллар барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026-2030 буд. Маблағҳо ба се самти стратегӣ – инфрасохтор (рушди нақлиёт, энергетика ва хизматрасниҳои коммуналӣ), рақобатпазирии иқтисодиёт (дастгирии тиҷорат, иқтидори содиротӣ, рақамисозӣ), хизматрасноҳои иҷтимоӣ (баланд бардоштани сифат ва дастрасии маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ) равона карда мешаванд», – навиштааст хадамоти матбуоти БОР.

Инчунин гуфта шудааст, ки бастаи нави маблағгузорӣ барои суръат бахшидан ба татбиқи ҳадафҳои миллии рушд, аз ҷумла коҳиш додани камбизоатӣ, диверсификатсияи иқтисодиёт ва баланд бардоштани устуворӣ ба хатарҳои иқлим пешбинӣ шудааст.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки корҳои омодасозии лоиҳаҳои мушаххасро дар доираи маблағгузории эълоншуда фаъол созанд. Тафсилоти барномаҳо дар моҳҳои оянда бо иштироки вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд.