Хабарҳо

slider_img
slider_img

Вазири нақлиёт бо намояндаи Бонки Исломии Рушд мулоқот кард

Санаи нашр: 05-03-2026 Просмотрено: 3485

5 марти соли равон Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳайати Бонки Исломии Рушд (БИР)  таҳти  роҳбарии Мудири амалиёти кишварии Гуруҳи Бонки мазкур Фарид Аҳмад Хон мулоқот  кард.

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ барои таҷдид ва азнавсозии роҳҳои навтомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалии кишвар бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ пайваста мулоқоту гуфтушунидҳо доир менамояд.

Зимини мулоқот бо ҳайати Бонки Исломии Рушд (БИР), ки рӯзи панҷшанбе баргузор гардид,  ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории роҳу нақлиётро  баррасӣ намуданд.

Вазири нақлиёт ҳайати меҳмононро ба Вазорати нақлиёт  хайрамақдам гуфт ва зикр намуд, ки Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд ҳануз аз солҳои 2000-ум ҳамкорӣ ба роҳ монда, то имрӯз ба як қатор дастовардҳо ноил гардидаанд.   БИР дар татбиқи лоиҳаҳои таҷдид ва азнавсозии роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаааст. 

Фарид Аҳмад Хон аз саъю кӯшиши роҳбарияти вазорат  ҷиҳати  тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба, сари вақт ва бо сатҳу сифати ба талабот ҷавобгӯ ба анҷом расонидани татбиқи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Бонк маблағгузорӣ мешаванд, изҳори минатдорӣ намуд  ва илова кард, ки БИР  минбаъд низ барои рушди соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро идома мебахшад.

Ҷонибҳо масъалаи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, қисмати «Рушон –Варшез»-ро муҳокима намуданд. Вазири нақлиёти ҶТ иброз дошт, ки роҳи мазкур қисмати долони мултимодалии байналмилалии «Чин-Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо» буда, ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои минтақа аҳамияти муҳими стратегӣ дорад. Дарозии роҳи автомобилгарди «Рушон –Варшез» 235 км-ро ташкил дода, он ба категорияи 3 роҳҳо шомил мебошад.

Таъкид гарид, ки  татбиқи лоиҳаи мазкур марҳила ба марҳила ба роҳ монда, дар марҳилаи яум 40 километр ва дар марҳилаи дуюм 33 километри  роҳ таҷдид ва азнавсозӣ карда мешавад.