Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир кард: дар давоми ҳафтаи гузашта дар мавзеи Лучоби шаҳри Душанбе 7 ҳазор ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, ороишӣ ва сояафкан шинонда шуд.
Дар маъракаи мазбур, ки таҳти шиори «Тоҷикистонро ба “Кишвари сабз” табдил медиҳем!», дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баргузор гардид, роҳбарият ва кормандони Вазорати нақлиёти кишвар ва идораю муассисаҳои тобеи он таҳти сарварии Вазири нақлиёт Азим Иброҳим иштирок намуданд.
Ба шахсони масъул оид ба таъмини нигоҳубини мунтазами дарахтон, беҳтар кардани ҳолати қитъа ва тавсеаи корҳои ниҳолшинонӣ дар доираи барномаи давлатӣ дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Тибқи Нақшаи амал оид ба татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» Вазорати нақлиёт ва муассисаву корхонаҳои тобеи он дар солҳои 2025-2027 бояд 360 ҳазор, аз ҷумла соли ҷорӣ 120 ҳазор ниҳоли дарахт шинонанд. Аз аввали соли равон дар қитъаҳои гуногун ва шафати шоҳроҳҳо аллакай 26 ҳазор бех ниҳоли дарахт шинонда шудааст.
Ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» Вазорати нақлиёт бояд дар маҷмӯъ дар саросари кишвар 5 миллион ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, ороишӣ ва сояафкан шинонад. Ин масъала таҳти назорати доимии роҳбарияти вазорат қарор дорад ва дар ҳама минтақаҳо, вобаста ба шароити иқлимӣ, маъракаи кабудизоркунӣ идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки барномаи зикршуда бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба «Кишвари сабз» табдил додани Тоҷикистон қабул гардида, тибқи Нақшаи амал дар қаламрави мамлакат то соли 2040 бояд зиёда аз 2 миллиард бех ниҳол шинонда шавад. Ниҳолшинонӣ на танҳо дар ҳудуди ҷангалзорҳо, балки дар шаҳрҳо, канори роҳҳо, атрофи заминҳои кишоварзӣ ва минтақаҳои кӯҳӣ низ сурат мегирад. Ба дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ, ки ба иқлими хушки минтақа тобовар мебошанд, афзалият дода мешавад.
Мақсади асосии таҳияи барнома мубориза бо чангу ғубор, мӯътадилсозии иқлим, беҳтар сохтани вазъи муҳити зист ва коҳиш додани обшавии пиряхҳо мебошад.