10-11 март дар қароргоҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Вашингтон (ИМА) Конфронси байналмилалиии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» (Transforming transportation-2026) баргузор шуд. Дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ширкат намуд.
Конфронс аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва Маркази шаҳрҳои устувори WRI Ross доир карда шуд. Иштирокчиёни он мавзӯъҳои мубрами рӯз, монанди «Долонҳои устувор барои алоқаи устувор» ("Sustainable corridors for sustainable communication") ва «Таъсиси ҷойҳои корӣ ва таъмини рушди иқтисодӣ» ("Powering Jobs and Growth") - ро баррасӣ карданд.
Дар ҳоле ки кишварҳои ҷаҳон ба рушди системаҳои муосири нақлиёт сармоягузорӣ мекунанд, конфронси «Таҳаввулоти нақлиёт» нақши муҳими ин системаҳоро дар дастрасии васеъ ба хизматрасониҳои нақлиётӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ҳавасмандгардонии сармоягузории бахши хусусӣ таъкид намуд.
Зимни суханронии худ дар конфронс Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим оид ба рушди инфрасохтори минтақавӣ ва байналмилалии нақлиётии кишвар ибтикороти умедворкунанда пешниҳод намуд.
«Кишвари мо дар чорроҳаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ҷойгир аст. ҲамзамонТоҷикистон кишвари кӯҳсорест, ки ба баҳр роҳи баромад надорад. Аз ин рӯ, барои мо алоқаи нақлиётӣ на танҳо масъалаи инфрасохтор аст. Ин масъалаи рушди иқтисодӣ, шуғл, устуворӣ, ҳамгироии минтақавӣ ва дастрасии баробар ба имконот низ мебошад аст», – иброз дошт ӯ.
Вазири нақлиёти ҶТ инчунин гуфт: «Мо пайваста дар пайи он ҳастем, ки мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистонро ба бартарии стратегӣ табдил дода, мақоми давлати ҷолиби транзитӣ ва шарики боэътимоди минтақавиро мустаҳкам намоем».
Вазир се самти асосии ҳалли ин масъаларо номбар кард: 1. Рушди инфрасохтори устувори нақлиёт. 2. Баланд бардоштани самаранокии долонҳои нақлиётӣ тавассути такмил додани расмиёт, логистика ва рақамикунонии соҳа. 3.Ташаккули платформаи дарозмуддати сармоягузорӣ барои рушди долонҳои нақлиётӣ.
Дар поёни суханронии худ Азим Иброҳим нияти Тоҷикистонро барои кор бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, кишварҳои ҳамсоя ва бахши хусусӣ арза дошт, то долонҳои нақлиётӣ дар минтақаи мо ба долонҳои имкониятҳо ва рушди устувор табдил дода шаванд.