11 марти соли равон Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар Вашингтон бо Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба инфрасохтори Аврупо ва Осиёи Марказӣ Чарлз Кормйе ва Роҳбари самти нақлиёти БҶ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Шомик Раҷ Меҳндиратта мулоқот кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкории самараноки Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ ва аҳамияти дастгирии онро барои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат махсус зикр намуданд.
«Мехоҳам таъкид намоям, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун афзалияти аввалиндараҷа ва арзиши миллӣ дорад. Аз ин рӯ, пешниҳодҳои минбаъдаи мо дар бахши нақлиёт бо назардошти аҳамияти тақдирсози ин иншооти стратегӣ баррасӣ ва ташаккул хоҳанд ёфт», - изҳор дошт Вазири нақлиёти ҶТ.
Ӯ иттилоъ дод, ки тайи дувоздаҳ моҳи охир дар Тоҷикистон се ислоҳоти муҳими сохторӣ амалӣ гардидааст. Моҳи декабри соли 2024 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фонди роҳро таъсис доданд, ки аввалин манбаи мақсадноки маблағгузории нигоҳдории роҳҳои автомобилгард мебошад. Моҳи июни соли 2025 кишвари мо сиёсати «Осмони боз»-ро эълон намуд. Моҳи октябри соли 2025 дар сатҳи миллӣ ҷорӣ намудани системаи электронии ASYCUDA World (Automated System for Customs Data) ба анҷом расид, ки имкон медиҳад вақти барасмиятдарории гумрукӣ ду баробар кам карда шавад.
Бино ба гуфтаи ӯ, Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030 ҳадаф гузоштааст, ки Тоҷикистон ба як маркази муҳими транзитии минтақавӣ табдил дода шавад. Барои ноил шудан ба он системаи муосири идоракунии дороиҳои роҳ дар тамоми шабакаи роҳҳои автомобилгард таъсис меёбад, заминаи меъёрии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ки ба консессияҳои нақлиётӣ мутобиқ карда шудааст, ташаккул дода мешавад, ба иқтидори касбии Вазорат – аз банақшагирии нақлиёт ва таҳлили маълумот то идоракунии шартномавӣ ва тарҳрезии инфрасохтори устувори ба иқлим мутобиқ сармоягузорӣ сурат мегирад.
Вазири нақлиёт ҳамчунин тазаккур дод, ки дар муддати чор соли охир Тоҷикистон афзоиши миёнаи солонаи воқеии ММД-ро дар сатҳи ҳашт фоиз таъмин мекунад, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар Осиёи Марказӣ мебошад. Аммо рушди минбаъдаи устувор аз ҳалли баъзе масъалаҳо, пеш аз ҳама дар соҳаи нақлиёт вобаста аст. Сухан дар бораи сатҳи нокифояи сифати қисмате аз роҳҳои автомобилгард, фарсуда шудани парки роҳи оҳан, маҳдудияти иқтидорҳои анборӣ меравад.
Дар мулоқот инчунин масъалаи бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ карда шуд. Гуфта шуд, ки ҳамасола садамаҳои нақлиётӣ ба Тоҷикистон зарари калон расонида, яке аз сабабҳои асосии фавт дар байни одамони ҷавону қобили меҳнат боқӣ мемонанд.
Зикр гардид, ки бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи «Беҳдошти роҳҳои алоқаи минтақавии Осиёи Марказӣ» («БРАМОМ-4») дар Тоҷикистон аввалин Стратегияи миллии бехатарии ҳаракат дар роҳ барои солҳои 2026-2040 таҳия гардид, ки ба «Системаи бехатар» асос ёфта, бо ҳадафҳои Даҳсолаи амалиёти СММ оид ба бахатарии ҳаракат дар роҳ мутобиқ гардонида шудааст. Дар ин самт мо аллакай ба татбиқи амалии озмоишӣ дар долонҳои афзалиятноки нақлиётӣ мегузарем», - иброз намуд Вазир ва илова кард, ки ҳоло вазифаи калидӣ татбиқи ин стратегия аст. Барои ин, ба андешаи ӯ, дар ташкили системаи миллии маълумот оид ба садамаҳои нақлиётӣ, ҷорӣ намудани нозирот ва аудити бехатарии роҳҳо, рушди инфрасохтори идоракунии суръат ва андешидани тадбирҳои васеи иттилоотӣ ва маърифатӣ дастгирӣ зарур аст.
Вазири нақлиёт бар ин назар аст, ки Тоҷикистон метавонад дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ кишвари пешсаф дар минтақа гардад ва таҷрибаи худро дар доираи долонҳои Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC) мубодила кунад.
«Дар робита ба ин, мо аз он миннатпазир хоҳем буд, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар ин марҳила, дар доираи таҳияи Стратегияи нави шарикии БҶ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026-2031, имкониятҳои идомаи дастгирии бахши нақлиёти Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти маблағгузории тадбирҳои афзалиятноки пешбининамудаи Барномаи тасдиқшудаи рушди маҷмааи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намояд», – таъкид кард Вазири нақлиёти Тоҷикистон.
Қобили зикр аст, ки соли 2025 лоиҳаи сохтмони роҳ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар доираи «БРАМОМ-4» татбиқ гардид, дар шаҳри Лондон бо ҷоизаи «Лоиҳаи сол»-и «FIDIC International Contract Users’ Awards» қадрдонӣ шуд. Тоҷикистон аввалин давлати Осиёи Марказӣ мебошад, ки сазовори ҷоизаи мазкур гардид. Аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қаблан танҳо Федератсияи Русия (соли 2016) соҳиби ин мукофот шуда буд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот оид ба рафти татбиқи лоиҳа, дастовардҳои асосӣ, нишондиҳандаҳои бадастомада ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда бо Бонки ҷаҳонӣ маълумот дода шуд.
Мулоқот дар руҳияи созанда ва эҳтирому эътимоди тарафайн баргузор шуд.
Тавре қаблан хабар додем, 10-11 март дар қароргоҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар Вашингтон (ИМА) Конфронси байналмилалиии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» (Transforming transportation-2026) баргузор шуд. Дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ва ба шумули Директори КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ»-и вазорат Валӣ Махсум ва ҳамоҳангсози лоиҳаи «БРАМОМ-4» Усмон Сиддиқов ширкат намуд.