Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар ин ҳафта дар қитъаҳои хатарноки роҳи автомобилгарди «Душанбе – Чанок» (километрҳои 48-74 ва 78-81) фаромадани тарма пешбинӣ шудааст. Дар ин бора Агентии ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, минтақаҳои Майҳура ва Зидеҳи ноҳияи Варзоб хатари махсус доранд.
Тибқи маълумоти идора, хатари фаромадани тарма дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ мавҷуд аст.
Вазорати нақлиёти ҶТ аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш мекунад, ки тадбирҳои эҳтиётӣ андешанд.
***
Соҳибкорон ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаш мошини нави хизматӣ эъто намуданд. Парки мошинҳои милитсияи пойтахт бо воситаҳои нави нақлиёти хизматӣ таҷдид карда мешавад, ки ба беҳтар шудани шароити хизматии кормандони милитсия мусоидат мекунад. Дар ин бора РВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Аз ҷумла, ҳафтаи гузашта аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорони хайрия шаш адад мошинҳои нави хизматӣ ба кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе супурда шуданд.
Ин воситаҳои нақлиёт дар фаъолияти хизматии кормандони милитсия истифода мешаванд ва ба таъмини самараноки тартиботи ҷамъиятӣ, гузаронидани тадбирҳои пешгирикунанда, инчунин баланд бардоштани ситфати фаъолияти хизматӣ кумак мекунанд.
***
Дар пойтахти Тоҷикистон аксияи «Камарбанди бехатарӣ – ҳимояи шумо дар роҳ» баргузор шуд. Ин аксияро 4 март дар Душанбе кормандони РБДА ВКД ҶТ доир намуданд. Дар ин бора дар Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки ин тадбир бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ронандагон ва мусофирон, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ ва таблиғи истифодаи ҳатмии камарбанди бехатарӣ гузаронида шуд.
Дар ҷараёни аксия дар кӯчаҳо ва хиёбонҳои шаҳр кормандони БДА ба иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ аҳамияти риояи қоидаҳои ҳаракатро фаҳмонданд ва дар байни сокинон буклетҳои иттилоотӣ паҳн карданд. Ба иштирокчиёни аксия фаҳмонда шуд, ки истифодаи камарбанди бехатарӣ метавонад хавфи бардоштани ҷароҳатҳои вазнинро ҳангоми садамаҳои нақлиётӣ ба таври назаррас коҳиш ва ҳаёти инсонро наҷот диҳад.
Гуфта мешавад, ки тибқи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ронандаи воситаи нақлиёт вазифадор аст, ки ҳангоми ҳаракат камарбанди бехатариро ба миён бандад ва то он даме, ки мусофири дар курсии пеш нишаста камарбанд набандад, ҳаракат накунад. Ин яке аз талаботи ҚҲР ва яке аз ӯҳдадориҳои асосии ҳар як ронанда новобаста аз намуди воситаи нақлиёт мебошад. Тибқи муқаррароти моддаи 333 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузорӣ барои истифода накардани камарбанди бехатарӣ муҷозоти маъмурӣ пешбинӣ кардааст.
***
Милитсияи пойтахт ба скутерҳои барқӣ нишаст. Дар доираи ташаббуси роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани сатҳи таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ кормандони милитсияи пойтахт бо скутерҳои барқии навбатдорӣ ва назорат таъмин карда шуданд. Дар ин бора маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Скутерҳои нав бо дастгоҳҳои махсуси иртиботии сигналу садо муҷаҳҳаз буда, метавонанд бо як заряди батарея то 100 километрро тай кунанд.
Тибқи маълумоти идора, кормандони милитсия минбаъд скутерҳои барқиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ истифода хоҳанд бурд. Ин, ба андешаи роҳбарият, ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хизматӣ, инчунин таъмини боэътимоди амният ва оромии шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.
Истифодаи воситаҳои муосири назоратии ҳаракат ҳамчун қадами тақвияти ҳузури мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаҳои калидии пойтахт ва таъмини вокуниши фаврӣ ба ҳодисаҳо арзебӣ мешавад.
***
Моҳҳои сентябр-октябри соли 2026 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ марафони байналмилалии велосипедронӣ Grand Tour: Silk Road Reload (Фаъолсозии муҷаддади роҳи Абрешим) баргузор мешавад. Дар ин бора хабаргузории «АП» иттилоъ додааст.
Гурӯҳи экспедитсионии лоиҳаи байналмилалии Grand Tour: Silk Road Reload яке аз марҳилаҳои калидии омодасозии веломарафони ояндаро ба анҷом расонида, зиёда аз 1500 километрро дар масири «Алмаато – Душанбе» тай кард.
Ба иттилои ташкилкунандагон, сафар ба пойтахти Тоҷикистон қисми аудити техникии хатсайри байналмилалии велосипедронӣ гардид, ки моҳи сентябр–октябри соли 2026 баргузор мешавад. Лоиҳа бояд кишварҳои Осиёи Марказиро дар доираи ташаббуси башардӯстона ва варзишӣ муттаҳид созад. Экспедитсияро сайёҳи машҳури велосипедронӣ, ташаббускор ва муаллифи лоиҳа,сафири сулҳ, Нодар Беридзе (Гурҷистон) роҳбарӣ кард. Ба даста инчунин Хурсанд Шеров (Узбекистон), Ихе Тумаров (Қазоқистон) ва Аҳтам Манонов (Тоҷикистон) шомил шуданд.
ДАР МИНТАҚА
Долони Миёна: чӣ гуна Осиёи Марказӣ роҳҳои нави транзитиро меҷӯяд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шароити дигаргун шудани робитаҳои пешинаи нақлиётӣ ва шиддат гирифтани муқовимат байни марказҳои асосии ҷаҳонии нерӯ қарор доранд, маҷбур мешаванд, ки роҳҳои нигоҳ доштани дастрасӣ ба бозорҳои хориҷиро ҷустуҷӯ кунанд, менависад нашрияи «Газета»-Русия.
Ба ақидаи муаллифи мақола Дмитрий Поваров, яке аз чунин роҳҳо рушди хатсайри Транскаспий ё Долони Миёна: Чин – Осиёи Марказӣ – Каспий – Қафқози Ҷанубӣ – Аврупо мебошад.
Сабабҳои дар маркази диққат қарор гирифтани Долони Миёна дар мақола мустақиман оварда шудаанд: дар шароити хатарҳои геополитикӣ, хароб шудани хатсайрҳои пешина ва маҳдудиятҳои логистикӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯшиш мекунанд, ки роҳҳои нави тиҷоратӣ бунёд кунанд. Ва Долони Миёна вокуниш ба шароити имрӯзаи ҷаҳон номида шудааст
***
Маҳдудсозии ҳаракати мошинҳо ба Алмаато: қоидаҳои нав ба кӣ ва чӣ гуна таъсир мерасонанд. Дар Қазоқистон ҳаракати воситаҳои нақлиётро маҳдуд кардан мехоҳанд. Мақомот пешниҳод карданд, ки мисли Пекин қоидаҳои ҳифзи муҳити зистро таҳия кунанд: ба қисмате аз мошинҳо аз рӯи рақамҳои ҷуфт ва ба қисмати дигар аз рӯи рақамҳои тоқ иҷозаи ҳаракат дода мешавад. Дар ин бора Zakon.kz хабар медиҳад.
Ҳуқуқшиносон мегӯянд: аз нуқтаи назари ҳуқуқ чунин тадбирҳоро андешидан мумкин аст, агар онҳо дар асоси қонун ё санади зерқонунии мақомоти ваколатдор ҷорӣ карда шаванд ва ҳадафи аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим дошта бошанд. Масалан, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва муҳити зист.
***
Агентии «Автойулинвест»-и Узбекистон даври асосии гуфтушунидҳоро бо гуруҳи сармоягузорони чинӣ дар бораи маблағгузории сохтмони роҳи пулакӣ байни Тошканд ва вилояти Самарқанд ба анҷом расонид. Арзиши умумии корҳо, тибқи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, 2,25 миллиард доллар арзёбӣ мешавад, хабар медиҳад UPL.Uz.
Феълан роҳи мавҷуда дар ҳадди аксари қобилияти интиқол истифода мешавад ва ҳар рӯз то 60 ҳазор мошинро қабул мекунад. Роҳи нави автомобилгард, ки аз роҳи калони ҳалқавӣ дар ноҳияи Сергелии пойтахт оғоз меёбад, бояд логистикаи минтақаро куллан тағир диҳад.Тибқи ҳисобҳои тарроҳон, вақти сафар аз Тошканд ба Самарқанд то ду ё дуюним соат кам карда мешавад ва ҳаракати шабонарӯзӣ дар гузинаи пулакӣ тақрибан 50 ҳазор мошинро ташкил медиҳад.
ДАР ҶАҲОН
Боркашонии байналмилалӣ: натиҷаҳои соли душвори 2025 ва пешгӯиҳои бозигарон барои соли 2026. Барои операторони боркашонии байналмилалӣ соли 2025 соли мушкил буд. Ширкатҳо бо як қатор чолишҳо рӯ ба рӯ шуданд: санҷиши шадидтар дар марзҳо, афзоиши тарофаҳои нақлиётӣ, коҳиши ҳаҷми боркашонӣ ва даромад аз боркашонӣ.
Вазъиятро танишҳои геополитикӣ, таварруми умумӣ, афзоиши бори андоз ва гузариш ба иловаҳои ҳатмии электронӣ душвортар мекунанд.Аммо аз соли 2026 ширкатҳо сабукиҳоро интизор нестанд: бозигарон муттаҳидшавии минбаъдаи бозор ва гароншавии хизматрасониҳои логистикиро пешгӯӣ мекунанд.
Дар ин мавзуъ ширкатҳои калонтарини нақлиётӣ чунин изҳори назар кардаанд:
«YM TRANS Group»: «Тамоюли сол – ин коҳиши пайдарпайи воридоти молҳои назарногир хоҳад буд. Соли 2026 мо интизори муттаҳидшавии бозор ҳастем. Эҳтимол аст, ки бисёр ширкатҳои хурд, ки ба бори афзоянда тоб оварда наметавонанд, аз бозор хориҷ шаванд. Мизоҷони онҳо ба интиқолдиҳандагони боэътимодтар ва устувортар мегузаранд».
«Юнитрейд»: «Даромад аз боркашонӣ дар соли 2025 коҳиш ёфт. То баҳори соли 2026 мо метавонем шоҳиди болоравии босуръати нархҳо дар ҳама намудҳои нақлиёт гардем».
«Delko»: «Шумораи муфлисшавӣ ва баргардонидани техника ба ширкатҳои лизингӣ афзоиш ёфт. Дар соли 2026 тарифҳои боркашонӣ метавонанд то 20% боло раванд.
***
Дар Маскав ҷаласаи гурӯҳи коршиносон бо мақсади мувофиқасозии лоиҳаи Нақшаи тадбирҳои аввалиндараҷа оид ба татбиқи Консепсияи ҳамоҳангсозии системаҳои миллии ташкили ҳаракати ҳавоии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давдатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Дар ин бора хадамоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.
5 марти соли 2026 дар Шуъбаи Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Маскав ҷаласаи гурӯҳи коршиносон ҷиҳати мувофиқасозии лоиҳаи Нақшаи тадбирҳои аввалиндараҷа оид ба татбиқи Консепсияи ҳамоҳангсозии системаҳои миллии ташкили ҳаракати ҳавоии давлатҳои иштирокчии ИДМ баргузор гардид.
Ҷаласа аз ҷумла дар сиғаи видеоконфронс баргузор шуд. Дар он намояндагони идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок карданд. Инчунин дар кори ҷаласа мутахассисони Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ, Комиссияи иқтисодии Авруосие ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок карданд.
Дар ҷараёни ҷаласа қарорҳо оид ба пешниҳодоти Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Қазоқистон қабул карда шуданд. Онҳо ба мавзӯи фаъолияти ҳавопаймоҳои бесарнишин ва дарки ягонагии системаи банақшагирии ҷараёни ҳаракати ҳавоӣ дар давлатҳои иштирокчии ИДМ дахл доранд.
Тибқи расмиёти амалкунанда, лоиҳаи мувофиқашудаи ҳуҷҷат ба ҳукуматҳои давлатҳои иштирокчии ИДМ барои мувофиқа ва баррасии минбаъдаи мақомоти олии ИДМ фиристода мешавад.