Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

АҲСАН БАРОИ ҲУНАРНАМОӢ! Мусобиқа аз руи тенниси рӯи миз барои дарёфти Ҷоми Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҷамъбаст гардид

Санаи нашр: 18-03-2026 Просмотрено: 3713

Натиҷаҳои мусобиқа оид ба тенниси рӯи миз барои дарёфти Ҷоми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид. Вазири нақлиёт Азим Иброҳим рӯзи душанбе, 16 март, ғолибони ин қуввасанҷии шавқовар ва диданиро шодбош гуфт ва ба онҳо ҷоизаю туҳфаҳо супорид.

Мусобиқа аз 20 то 26 феврали соли равон дар бинои вазорат доир гардид. Дар он 14 нафар мардон ва 5 нафар бонувон– кормандони дастгоҳи марказӣ ва идораю муассисаҳои тобеи вазорат, ҳаводорони ин навъи варзиш фаъолона ширкат намуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа байни мардон ҷои якумро корманди хадамоти боркашонии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Ҷамшед Исмоилов, ҷои дуюмро менеҷери лоиҳаи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо Иноятулло Раҳмонзода ва ҷои сеюмро барқчии дастгоҳи марказии вазорат Саид Ятимов соҳиб шуданд.

Байни бонувон ҷои якум насиби асситстент-коргузори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди “Душанбе – Чанок”» Меҳрангез Набизода гардид. Нозир-коргузори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Аниса Хуршедодова ба гирифтани ҷои дуюм ва мутахассиси экологи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо Мӯниса Салимова ба мақом сеюм шарафёб гардиданд.

Мукофотҳоро ба барандагони мусобиқа дар вазъияти ботантана Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим супорид ва барои ҳунарнамоии ҷолиб ва диданӣ ба онҳо аҳсант гуфт.

Ҳадафи баргузории мусобиқаи мазкур ба ҳам овардани варзишгарон дар риштаи теннис, рушди бештари ин навъи варзиш дар кишвар ва тарғибу ташвиқ ва тақвияти тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа арзёбӣ гардид.

Мавриди зикр аст, ки тенниси рӯи миз яке аз навъҳои қадима (бори нахуст дар асри 16 дар Аврупо зуҳур кардааст) ва сернуфузи варзиш (соли 1988 ба рӯйхати бозиҳои олимпӣ шомил шудааст) маҳсуб меёбад.

Тенниси рӯи мизро дар гузашта ба далели таркиби ду садо, ки дар тӯли бозӣ ҳангоми бархӯрди тӯбча ба рахат* ё ракетка (пинг) ва ба рӯи миз (понг) ба гӯш мерасад, «пинг-понг» низ меномиданд.

Ёдовар мешавем, ки 24 декабри соли 2025 Директори маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Тоҷикистон Нуралӣ Арабзода Раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Иштирокчиёни маҷлиси федератсия изҳори умед намуданд, ки бо интихоби роҳбари нав дар оянда дастгирии варзишгарон тақвият ёфта, дастовардҳои онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ боз ҳам назаррас мегардад.

______________

*Калимаи «ракетка» аз вожаи арабии «рахат» (rakhat) гирифта шудааст,ки маънои «кафи даст»-ро дорад

МАЪЛУМОТНОМАИ МО

Сокинони Тоҷикистон ба тенниси рӯи миз ҳанӯз аз солҳои 50-уми асри гузашта, аз замони нахустин чемпионати ҷумҳурӣ оид ба ин навъи варзиш шавқу рағбати зиёд доранд.

Дар он айём варзишари кишвари мо Георгий Сиклаури 15 карат чемпиони Тоҷикистон гардида, дар байни 20 варзишгари беҳтарини собиқ ИҶШС оид ба теннииси рӯи миз ном бурда мешуд.

Дар байни бонувон узви ҷамъияти варзишии «Динамо»-и Душанбе, Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Инна Коваленко 10 карат чемпиони Тоҷикистон (бори охир соли 1990), чемпиони ИҶШС (соли 1982) ва дар ҳайати дастаи мунтахаби ИҶШС чемпиони Аврупо (соли 1982) ва барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон (соли 1983 дар Токио) гардидааст.

27 сентябри соли 2012 Инна Тихомировна Коваленко, ки ҳоло дар шаҳраи Дубнаи Русия ба сар мебарад ва ҳамчун мураббӣ фаъолият мекунад, ба синни 50-солагӣ расид. Соли 2025 дар Чемпионати Аврупо байни собиқадорони то 60-сола (EVC), ки дар Сербия баргузор гардид, ғолиб омад.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба тенниси рӯи миз аз нав рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Дар Душанбе мусобиқаҳо барои Ҷоми Федератсия тенниси рӯи мизи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон доир карда мешавад. Аз ҷумла, моҳи январи соли 2026 дар Душанбе, дар мусобиқаи кушод барои Ҷоми Федератсияи тенниси рӯи мизи ҶТ беш аз 100 нафар варзишгарон аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигар, аз ҷумла Франсия иштирок карданд.

Дар даврони истиқлол дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар чемпионатҳои ҷаҳон дар Ҷопон (2009), Русия (2010), Олмон (2012), Франсия (2013), дар Бозиҳои Осиё дар Чин (2010), чемпионати Осиё дар Қатар (2021) ва дар дигар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат варзид ва ҷоизаҳо низ ба даст овард.