Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ТАМАННИЁТИ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни байналмпилалии Наврӯз

Санаи нашр: 18-03-2026 Просмотрено: 6616

Имрӯз  дар Вазорати нақлиёт ҷашни байналмилалии Наврӯз ботантана таҷлил гардид. Маликаи Наврӯз ва Бобои деҳқон ҳохиринро шодбош гуфтанд. Санъаткорон рақсу сурудҳои идона пешкаш намуданд. Мусобиқаҳои байтбарак, шоҳномахонӣ, вазнбардорӣ, бандкашӣ ва озмуни кадбонуи беҳтарин доир гардид.  Ҳайати комиссия ба намоишгоҳи наврӯзӣ, ки аз ҷониби дастгоҳи марказии  вазорат ва идораю муассисаҳои тобеи он ороста шуд, баҳогузорӣ намуданд.

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим таманниёти хешро ба ҳозирин ба ифтихори ин ҷашни  пуршукуҳ баён дошт.

Матни табрикоти Вазир дар зер  пешниҳод мегардад.

Ҳамкорони азиз, дӯстони арҷманд!

Ҳамаи шумо ва дар симои шумо аҳли хонадон, азизону пайвандонатон ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба ифтихори фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ, айёми  баробаршавии шабу рӯз ва эҳёи табиат самимона табрик мегӯям.

Боиси ифтихори ҳамаи мо, ҳар сокини кишварамон ва ҳар бошандаи ҳавзаи тамаддуни ориёист, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикор, азму субот ва саъю кӯшиши беҳамтои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр суннату анъанаҳо, расму ойин ва ҷашну марсимҳои миллимон, аз қабили Наврӯз, Сада, Тиргон, Меҳргон   аз нав эҳё ва оммавӣ гардонида, барои таҳқиқу омӯзиш ва таблиғу тарвиҷи онҳо дар сатҳи байналмилалӣ имконият фароҳам  оварда шуд. Мо из ин имконият истифода бурда, ҷашну оинҳои миллиамонро ҳамчун падидаҳои дорои аҳамият ва арзиши умумибашарӣ ба ҷомеи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ кардем. 

Аз ҷумла, 30 сентябри соли 2009 ҷашни Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО  ба  Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

18 феврали соли 2010 Иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз»-ро ба тасвиб расонид. Он маҳз бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил мегардад.

Соли 2016 бо қарори ЮНЕСКО ҷашни бостонии Наврӯз ба Феҳристи осори фарҳангии умумиҷаҳонӣ ворид карда шуд.

Яъне имсол соли шонздаҳум аст, ки ин ҷашни бостонии миллии мо ва мардумони ҳавзаи тамаддуни ориёӣ дар миқёси байналмилалӣ бо номи аслию бостонии худ, яъне Наврӯз, таҷлил мегардад. Сиёсатмадорон, адибону олимон,  одамони касбу кори гуногун дар зовияҳои гуногуни олам ин идро ба мардуми худ, дӯстону наздикони худ  бо ҳамин ду калимаи тоҷикӣ табрик мегуянд: 

«Наврӯз муборак!».

Мо аз ин ифтихор мекунем!

Дӯстони гиромӣ!

Ин ҷо як нуктаро мехоҳам махсус таъкид намоям. Солҳои Истиқлоли давлатӣ замони гардиши куллӣ, рушду дигаргуниҳои бузурги кишвари биҳиштосои тоҷикон гардиданд. Фарҳанги миллии тоҷик бо вуҷуди таърихи антиқааш, маҳз дар даврони истиқлол хусусияти хоссаро касб карда, арҷгузорӣ ба   суннатҳои миллӣ, тақвияти худшиносию ватанпарварӣ, сулҳу ваҳдат ва ягонагию якпорчагии кишвар ба масъалаҳои афзалиятноки сиёсати  давлати Тоҷикистон табдил ёфтанд. Қабл аз ҳама, забони тоҷикӣ ба маснади баланду деринаи худ – забони давлатӣ расид.

Дар ин давра 1100-солагии давлати Сомониён, 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 700-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм, 3000-солагии шаҳри Ҳисор, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии китоби «Авасто»,  солгарди Борбади Марвазӣ, Ғазолӣ, ҳаким Фирдавсӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Носири Хусрав, Ҷомиву Туғрал, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар фарзандони фарзонаи миллатамон бо шукуҳ таҷлил  гардиданд.

Дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишварамон нимпайкара ва ҳайкалу лавҳаҳои ёдгории Куруши Кабир, Абуабдулло Рудакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ гузошта шуданд.   Ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории мамлакат, аз қабили мақбараҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Султон Увайси Қаранӣ, Зайнулобиддин, қалъаҳои Хуҷанд, Балҷувон, Ҳулбук ва амсоли инҳо  таъмиру таҷдид карда  шуданд.

Соли 2006 дар кишварамон Соли арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ, соли 2007 Соли байналмилалии бузургдошти Ҷалолиддини Балхӣ, соли 2009 Соли бузургдошти Пешвои мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам эълон карда, ба ин муносибат дар Душанбе конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ доир карда шуданд.

Даҳҳо анъанаву ёдгориҳои таърихию фарҳангии  мо,  аз ҷумла  Тахти Сангин,  Саразм, Боғи ботаникии Помир, мақбараи Амир Ҳамза, ибодатгоҳи буддоии  Аҷинатеппа ва боз 10 ёдгории дигари  Хутали бостон, ёдгории фаромиллии «Роҳи Абрешим» ба шумули шаҳраки Санҷаршоҳ, қалъаи Ҳисорак, Гарданаи Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Тали Хамтуда, низоми обёрикунии Туқсанкорез, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммади Башоро, мамнуъгоҳҳои Даштиҷум, «Бешаи палангон», инчунин ҷашни Меҳргон, мусиқии «Шашмақом», «Фалак»,  ҳунари навохтани рубоб, миниатюра, суманак, оши палав,  куртаи чакан, атлас  ва ғайра ба Феҳристи мероси  ҷаҳонии  ЮНЕСКО  пазируфта шуданд.

Дар замони Истиқлол осори бисёр бузургони илму адаби тоҷик аз нав  мунташир гардиданд. Китобҳои таърихӣ ва гаронарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои Истиқлол», «Забони миллат - ҳастии миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих»,  «Эмоми Аъзам: рӯзгор, осор ва афкор», «Чеҳраҳои мондагор» ба табъ расиданд. Бо дастури бевоситаи Сарвари давлат китоби «Қуръон»,  «Шоҳнома»-и безаволи  Абулқосим Фирдавсӣ ва «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров бо теъдоди  садҳо ҳазор нусха нашр ва ба ҳар хонадони кишварамон тақдим карда шуданд.

Ҳамагӣ чанд моҳ қабл,  6 ноябри соли гузашта ЮНЕСКО дар Конфронси 43-юми худ дар шаҳри Самарқанд қатъномаи «Устувонаи Куруши Кабир»-ро, ки аз ҷониби Тоҷикистон ва Эрон пешниҳод гардида буд, қабул намуд. Тавре дар ин қатънома таъкид шудааст, Силиндр ё Устувонаи Куруш  аз нахустин санадҳои башардӯстонаи олам аст, ки ҳанӯз 2500 сол пеш арзишҳои озодии виҷддон, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб кардааст.

Дар баробари ин, дар даврони Истиқлоли дар  Тоҷикистон Суруди миллӣ ва Парчаму Нишони давлатӣ, Ариши миллӣ ва  сойири сохторҳои  давлатӣ  ба маънии томи калима арзи вуҷуд карданд. Садҳо биноҳои нави маъмурӣ, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, майдонҳои варзишӣ қомат афрохтанд, садҳо километр роҳу пулҳои нави замонавӣ бунёд гардиданд. Дар ин росто муҳимтарин рўйдодҳои фарҳангӣ — таъсиси Консерваторияи миллӣ,   баистифодадиҳии биноҳои нави Китобхона ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон  ва сохтмони Театри миллӣ ба шумор мераванд, ки аз нигоҳи тарҳи меъморӣ, имкониятҳои техникиву иттилоотӣ дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ камназиранд. 

Бо назардошти ҳамаи ин  иқдомот, ки бо ибтикор ва роҳбарию раҳнамоии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирифта шудаанд, бо итминони комил метавон 35 соли Истиқлоли давлатиро Солҳои эҳёи фарҳангу тамаддуни миллии мо номид, мисли Давраи Эҳё ё худ Ренесанс, ки тӯли асрҳои 13-17 дар Аврупо ба вуқуъ омада буд ва давраи гузариш аз тартиботи асримиёнагӣ ба рӯзгори нав ва замони ташаккули фарҳангу тамаддун ва рушди иқтисоди Аврупо маҳсуб мешавад. 

Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсола яке аз нишонаҳои барҷастаи Давраи Эҳёи миллати тамаддунофари мо мебошад.

Ҳамкорони арҷманд!

Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон зикр кардаанд, Наврӯз ба ягон дину мазҳаб вобаста нест ва ягон тобиши сиёсӣ ва қавмию нажодӣ надорад. Маҳз аз ҳамин сабаб ин ҷашни бостониро ҳамагон, аз хурд то  бузург, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ, бо шодиву нишот ва дастҷамъона таҷлил мекунанд.

Ин ҷашни мардумӣ ва миллии мост, ки онро ниёгони мо  ҳанӯз то асри 7-и пеш аз милод, ҳамчун рӯзи нав, сари соли нав таҷлил  мекарданд. Маълумоти мустақим ва пурмаъноро дар ин бора дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-маҳосин-вал-аздод»-и Кисравӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард.

Аз ҷумла, Фирдавсии бузургвор дар «Шоҳнома» аз омадани Соли нав - Наврӯз хабар дода менависад:

Сари соли нав Ҳурмузи фарвадин,

Баросуд аз ранҷ дил, тан зи кин.

Бузургон ба шодӣ биёростанд,

Маю ҷому ромишгарон хостанд.

Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,

Бимондаст аз он Хусравон ёдгор.

Дар айёми Наврӯз шабу рӯз ба ҳам баробар мегарданд, сабзаи нав медамад, дарахтон гулбасар мешаванд, ҷавонон ба ҳам гул тақдим мекунанд,  наврасону кудакон ба маросими «гулгардонӣ» мебароянд.  Бонувон либоси миллӣ ба бар мекунанд ва мисли баҳор зебо мешаванд. Онҳо бо истифода аз неъматҳои баҳорӣ таомҳои миллӣ мепазанд ва дастархони моро низ бо ин таомҳо, бо суманак ва  дигар анвои ширинӣ наврӯзӣ мегардонанд. Ҳунармандон дастранҷи худро ба намоиш мегузоранд. Мардум дар идгоҳҳо ҷамъ омада, базми рақсу суруд ва шодию сурур, маҳфили шеърхонӣ, мусобиқаҳои зеҳнӣ ва варзишӣ баргузор менамоянд.

Ҳамаи ин беваҷҳ нест. Наврӯз мисли дигар ҷашнҳои аҷдодии мо ҳикмату фалсафа ва аҳаммияти бузурги илмию фарҳангӣ ва  иқтисодию иҷтимоӣ дорад.

Фарорасии Наврӯз баъди фасли сармо ҳамчун рамзи пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва рӯшноӣ бар торикӣ рӯҳи инсонҳоро болида ва қалби онҳоро саршор аз фараҳу шодӣ ва умеду орзу менамояд. Дар ин айём на танҳо табиат аз нав зинда мешавад, балки дар ниҳоди инсонҳо эҳсоси  неруи  нав, андешаи нав, тасмими нав пайдо мешавад, заҳмату талош барои беҳдошти шароити зиндагӣ даҳчанд мегардад.

Наврӯз оғози мавсими киштукор аст, бинобарин кишоварзон онро беш аз дигарон интизорӣ мекашанд ва даст ба кор мешаванд, кӯшиш мекунанд ба хотири  фаровонии ризқу рӯзии мардум аз ҳар рӯзи офтобии фасли баҳор самаранок истифода баранд.

Дар ин давра ташвишу тараддуди  нақлиётчиёну роҳсозон низ бинобар тағйир ёфтани обу ҳаво, шиддати ҳаракат дар роҳ, зарурияти суръат бахшидани корҳои сохтмону таҷдиди роҳу пулҳо  меафзояд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат 16 декабри соли гузашта таъкид намуданд, соли 2026 дар Тоҷикистон сохтмону навсозии 300 километр роҳҳои мошингарди байналмилалию ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 3 миллиард сомонӣ оғоз мегардад. Роҳҳои «Ваҳдат – Обигарм» (70 километр), «Гулистон–Кӯлоб» (33 километр), «Хоруғ – Роштқалъа» (39 километр), «Мурғоб – Кулма» (67 километр), «Балҷувон – Сари Хосор» (55 километр), «Хистеварз – Конибодом (10 километр), инчунин 11 километр роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб ва 5 пули мошингард дар роҳи «Лаби Ҷар – Сангвор» аз ҷумлаи иншооти мазкур  мебошанд.

Ман аминам, ки шуруъ аз Наврӯз ҳамаи мову шумо дастҷамъона, бо нерую илҳоми нав паи иҷрои вазифаҳои дар наздамон гузошташуда ва тадбирҳое, ки ба нақша гирифтаем, камари ҳиммат мебандем ва бо сари баланд донишу маҳорати касбии худро ба кор мебарем  ва садоқати худро ба Ватани азизамон нишон медиҳем!

Дӯстони азиз!

Яке аз бузургтарин ҳикматҳои Наврӯз  омили муттаҳидкунанда ва василаи ҳамдигарфаҳмии халқу миллатҳои гуногун будани он ба ҳисоб меравад, ки дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони имрӯза бисёр муҳим  аст.

Наврӯз мунодии сулҳу дӯстӣ, ҳамгироиву ҳамкорӣ ва ваҳдату ҳамбастагии  халқҳои олам аст. 

Наврӯз – рамзи пирӯзии самимияту муҳаббат бар душманию адоват аст.

Ин ҷашн торикию ҷаҳолатро аз байн мебарад ва зебоиву сарсабзӣ ва солимию хушбахтӣ меофарад.

Ин ҷашн тозагиву озодагиро мепарстад,  суннатҳои  он тозагии зоҳиру ботини инсонро тарғиб мекунанд.

Фарҳанги Наврӯз баёнгари наҷобати «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»,  покию назофати  ҷомеа, ҳаво, замин, об ва муҳити зист ва парвариши рӯҳи солим мебошад. 

Бинобар ин, анъана ва суннатҳои неки Наврӯз – ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод, аз ҷониби халқҳои гуногуни  олам пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ ғанӣ гардонидааст.

Ҳамкорони арҷманд!

Бо истифода аз ин фурсат бори дигар ҳамаи шуморо бо ин ҷашни зебо табрик гуфта, бароятон саломатию  сарсабзӣ,  муҳаббату самимият ва, албатта пиндори  нек, гуфтори нек ва кирдори нек орзу мекунам.

Ҷашни байналмилалии Наврӯз муборак!